Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Марги як сокини Ёвон дар муноқиша бо қафқозиҳо


Рамазон Шоимов, сокини 24-солаи ноҳияи Ёвон, дар як муноқишаи миёни муҳоҷирони тоҷик ва қафқозиҳо дар Русия кушта шудааст. Сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 20 апрел ба Озодӣ гуфт, муноқиша рӯзи сешанбе рух дода, дар пайи он шаҳрванди дигари кишвар Рӯзибек Самронов захмӣ шудааст.

Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорат, гуфт, ҳоло Самронов дар бемористони Склифасовский и шаҳри Маскав бистарист ва онҳо бо вазъи ӯ аз наздик ошно шудаанд.

"Айни замон шаҳрванди Тоҷикистон табобати заруриро мегирад. Кормандони Сафорати Тоҷикистон ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо муфатишони Кумитаи тафтишотии Маскав, ки ин парвандаро таҳқиқ менамоянд, вохӯрӣ намуданд. Айни замон ду нафар аз шахсони гунаҳкор дастгир шудаанд," - гуфт ӯ.

XS
SM
MD
LG