Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин мушакҳои S-300 ба Эрон фиристода шуд


Мушакҳои S-300
Мушакҳои S-300

Вазири корҳои хориҷаи Русия мегӯяд, аввалин бахши мушакҳои дифои ҳавоии S-300 ба Эрон фиристода шудааст. Ин эъломияро Ҳусейн Ҷобир Ансорӣ-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Эрон 11 апрел пахш кард.

Русия мегӯяд, ки қарордод дар бораи фиристодани мушакҳои S-300 ба Эронро зери фишорҳои Ғарб соли 2010 қатъ карда буд. S-300 яке аз мушакҳои қавии дифои ҳавоӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад.

Баъд аз тавофуқоти шаш кишвари ҷаҳон бо Эрон дар бораи барномаҳои ҳастаии Эрон президент Владимир Путин моҳи апрели соли 2015 манъи фурӯши ин мушакҳоро аз миён бардошт.

Исроил қотеъона ба фурӯши ин мушакҳо ба Эрон мухолифат дорад. Эрон то ҳол истиқлоли давлатии Исроилро ба расмият намешиносад.

XS
SM
MD
LG