Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Низомии украинӣ Надежда Савченко, ки дар Русия 22 сол зиндонӣ шуд, 6 апрел гуруснашинии хушк эълон мекунад, хабар дод вакили Савченко.

Ҳуқуқшинос Николай Полозов дар саҳифаи худ дар Твиттер навишт, ки: "Талаби Савченко - бозгашти фаврӣ ба Украина аст". Пештар аз ин вакили дифоъ навишта буд, ки сиҳатии Савченко "муътадил аст. Вай танҳо об менӯшад".

22 марти имсол Савченко ба ҳамдастӣ дар куштори ду хабарнигори Русия айбдор ва ба 22 соли зиндон маҳкум шуд. Савченко худро бегуноҳ медонад ва ба нишони эътироз чанд бор гуруснашинӣ кард. Аммо вай ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят намебарад, зеро парвандаашро эътироф намекунад.

Савченко мегӯяд, моҳи июни соли 2014 аз шарқи Украина рабуда, ба Русия оварда шудааст. Вай он замон зидди ҷудоихоҳон меҷангид. Президенти Украина Петр Порошенко гуфт, омодааст, ки Савченкоро бо асирони Русия иваз кунад, аммо Кремл мегӯяд, вай "муҳлати зиндонро адо хоҳад кард".

XS
SM
MD
LG