Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти Керрӣ ва Лавров дар Маскав


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико ва ҳамтои русаш Сергей Лавров дар музокирот дар Маскав рӯи бӯҳронҳо дар Сурия ва Украина тамаркӯз мекунанд.

Дипломати воломақоми амрикоӣ қабл аз шурӯи музокирот бо Лавров рӯзи 24 март гуфт, ки баъди эълони оташбас миёни нерӯҳои ҳукуматии Сурия ва мухолифини мусаллаҳ баъзе пешрафтҳо ба чашм мерасанд. Ӯ хостори идомаи оташбас ва афзоиши кӯмаки башарӣ ба Сурия шуд.

Сергей Лавров, дар навбати худ, изҳор намуд, ки мехоҳад бо ҳамтои амрикоияш мавзӯи кӯмаки ҷомеъаи байнулмилалӣ дар ҳалли бӯҳрони Украинаро ҳам баррасӣ кунад.

Қарор аст, ки Ҷон Керрӣ бо раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳам гуфтугӯ кунад. Вазири умури хориҷии Амрико мехоҳад мушаххас намояд, ки раҳбарияти Русия то куҷо барои баррасии роҳҳои аз қудрат канор рафтани раҳбари феълии Сурия Башор Асад омода аст. Ҳамзамон ӯ аз Маскав хоҳиш хоҳад кард, ки болои ҷудоихоҳони рустабор барои иҷрои оташбас дар шарқи Украина фишор оварад.

XS
SM
MD
LG