Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

McDonald's-и Остона расонаҳои ғарбиро дар ҳайрат гузошт


Навбатпоии тӯлонии одамон дар рӯзи кушодашавии тарабхонаи McDonald's дар Қазоқистон боиси пайдоиши чанд матлаб дар расонаҳои ғарбӣ шуд.

Акнун Алмаатро дар рӯйхати шаҳрҳои арзонтарини ҷаҳон шомил карданд.

" McDonald's нахустин таомхонаи худро дар кишвари начандон калони Осиёи Марказӣ таъсис дод. Ин кишвар бештар бо гӯшти асп ва қумисаш маъруф аст", - менависад нашрияи амрикоии New York Post.

"Нахустин McDonald's дар пойтахти Қазоқистон кушода шуд ва одамон дар навбати тӯлонӣ истода, мехостанд таъми картошкабирён, бюргер ва ғизоҳои лазизи дигарро бичашанд", - менависад нашрияи бритониёии Daily Telegraph.

Қазоқистон кишвари 120-ум аст, ки McDonald's намояндагиашро мекушояд. Дар панҷ соли оянда дар саросари Қазоқистон интизор меравад 15 McDonald's-и дигар кушода шавад.

XS
SM
MD
LG