Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машварати сиёсии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Душанбе


Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, дар рӯзҳои аз 17 то 18 марти соли равон дар Душанбе машварати сиёсии ҳайатҳои вазоратҳои хориҷаи Тоҷикистону Қирғизистон баргузор хоҳад шуд. Дар ин музокирот ҳайати Қирғизистонро Динора Кемелева, муовини аввали вазири хориҷаи он кишвар роҳбарӣ мекунад.

Дар назар аст, дар ин нишасти машваратии сиёсӣ роҳҳои густариши ҳамкориҳои дипломатии ду кишвари ҳамсоя мавриди баррасӣ қарор гирад.

Ин дар ҳолест, ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар мавриди ҳодисаи насби парчами Қирғизистон дар манзили зисти як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд нигаронӣ карда, рӯзи 9 феврали соли ҷорӣ ба мақомоти Қирғизистон нота ё ёддошти эътирозӣ фиристода буд.

Дар ин ёддошт аз вуруди ғайриқонунии раҳбари яке аз деҳаҳои наздимарзии Қирғизистон ва сарҳадбонҳои он кишвар ба ҳудуди рустои ба номи Ҳалим Бобоеви ҷамоати Овчӣ-Қалъача ибрози нигаронӣ шуда буд. Ҷониби Тоҷикистон талаб карда буд, то Қирғизистон вобаста ба ин қазия тафтишоти мунсифона бурда ва омилони ин ҳодисаро ба ҷавобгарӣ бикашад.

Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки аз 970 километр тӯли умумиаш то имрӯз танҳо ҳудуди 519 километараш аломатгузорӣ шудааст, сари ҳар чанд вақт моҷароҳое барои дастрасӣ ба обу замин ва чарогоҳҳо бармехезад. Дар солҳои гузашта дар чандин чунин ихтилофҳо чандин нафар кушта шуд ва даҳҳо нафар аз ҳарду тараф маҷрӯҳ гардиданд.

XS
SM
MD
LG