Пайвандҳои дастрасӣ

Савченко: на додгоҳ ва на ҳукми онро эътироф намекунам


Ҳавонаварди низомии украин Надежа Савченко гуфт, ки агар додоҳ ӯро айбдор шуморад ҳам, вай аз ин ҳукм шикоят нахоҳад кард.

Рӯзи панҷшанбе судя Леонид Степаненко нагузошт, ки низомии украинӣ Надежда Савченко сухани охирини худро бигӯяд ва ҷаласаи додгоҳи шаҳрии Донетскро қатъ кард. Матни суханронии ахири Надежда Савченкоро хоҳараш Вера Савченко дастраси умум намуд.

Дар он Надежда Савченко таъкид мекунад, ки на ин додгоҳи русиро эътироф намекунад ва аз ин ҳукм шикоят ҳам нахоҳад кард.

"Хандаовар аст, ки одамрабоён касро шиканҷа карда, боз чунин вонамуд мекунанд, ҳаққи муҳокимаи ӯро доранд", - зикр кардааст вай.

Пештар додситонӣ талаб кард, ки Надежа Савченкоро айбдор дониста шуда, вай ба 23 соли зиндон ва ба 100 ҳазор рубл ҷарима маҳкум шавад.

Дар Русия Надежда Савчекокоро ба даст доштан дар қатли ду хабарнигори рус дар наздикии Луганск айбдор мекунанд. Гӯиё Савченко масири тирпаррониро муайян мекардааст. Ҳамчунин ӯро ба убури ғайриқонунии марз айбдор медонанд. Савченко ҳамаи инро рад карда, иддао дорад, ки ҳанӯз пеш аз ин рӯйдодҳо вай аз тарафи ҷудоихоҳон рабуда ба Русия оварда шудааст.

XS
SM
MD
LG