Пайвандҳои дастрасӣ

Дар мавриди оташбаси Сурия имрӯз бояд конфронси байналмилалии телефонӣ баргузор шавад. Интизор меравад, дар ин конфронс роҳбарони Бритониё, Русия, Фаронса ва Олмон ширкат варзанд. Сухангӯи Дэвид Кэмерон бар ин назар аст, ки конфронс имкон медиҳад, то роҳбари Бритониё аз мавқеи президенти Фаронса Франсуа Олланд ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел ҷонибдорӣ кунад.

Намояндаи Кэмерон мегӯяд, Бритониё, Фаронса ва Олмон ба президенти Русия Владимир Путин ба таври дақиқ расонанд, ки оташбас дар Сурия бояд ба таҳаввули воқеии сиёсӣ дар Сурия мусоидат кунад. Оташбаси ноустуворе, ки ҳафтаи гузашта ба иҷро даромад, дар панҷ соли ҷанги Сурия, ки бештар аз 270 ҳазор қурбонӣ дошт, нахустин оташбаси сартосарист. Оташбас миёни нерӯҳои президенти Сурия Башор Асад, ки аз ҷониби Русия пуштибонӣ мебинанд ва аз сӯи дигар нерӯҳои мухолифи Сурия баста шудааст. Гуруҳҳои террористии амсоли "Давлати исломӣ" ва "Ҷабҳаи Нусрат" шомили ин оташбас нестанд.

XS
SM
MD
LG