Пайвандҳои дастрасӣ

Кумиссиюни мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон мегӯяд, занону духтарони афғон, ки барои ахлоқи бад муттаҳам мешаванд, аксар вақт маҷбур мешаванд, ки ба назди пизишкони ҳукуматӣ бираванд ва дар бораи “ҳифзи бакорат” аз санҷиш бигзаранд ва ба суолҳои онҳо посух диҳанд.

Дар гузорише, ки 29 феврал ба нашр расид, гурӯҳи ҳуқуқи башари Афғонистон мегӯяд, аз 53 зане, ки дар давоми соли 2015 муттаҳам ба фаҳшо шуда буданд ё хонаҳои худро тарк кардаанд, 48-тои онҳо бозпурсӣ шудаанд ва дар бемористонҳои ҳукуматӣ аз санҷиши маҷбурии гинекологӣ гузаштаанд.

Кумиссиюни ҳуқуқи башар мегӯяд, ки санҷишҳои гинекологӣ як навъи нақзи ҳуқуқи башар ва паст задани шаъни инсон аст, зеро он бидуни ризояти занон ё духтарон анҷом мегирад.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки аксари чунин санҷишҳо дар ҳузури посбонҳои мард ва дигарон анҷом мегирад ва як навъи шиканҷа ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG