Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷамшед Раҷабов 29 сол маҳкум ба зиндон шуд


Ҷамшед Раҷабов
Ҷамшед Раҷабов

Додгоҳи шаҳри Душанбе сокини ноҳияи Ҳисор Ҷамшед Раҷабовро барои қатли як шаҳрванди Русия ба муддати 29 сол аз озодӣ маҳрум кард. Аз додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 1-уми март ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Абдумонеъ Абдуғанизода, додраси парванда зимни қироати ҳукм гуфтааст, Раҷабов муҳлати адои ҷазои худро дар муассисаи низомаш сахт сипарӣ хоҳад кард.

Фарҳод Нурматов, айбдоркунандаи давлатӣ рӯзи 29-уми феврал аз додрас хоста буд, Раҷабов, ки бо 4 моддаи ҷиноӣ гунаҳкор дониста мешавад “бо қисман зам кардани гуноҳ 30 сол аз озодӣ маҳрум карда шавад”. Аммо додрас бо дарназардошти “сидқан пушаймон шудан”, дар сарпаноҳии худ доштани 2 тифли ноболиғ ва “кӯмак ба тафтишот” бар иловаи 25 соли ҳабси қаблӣ, дар маҷмӯъ 29 сол Раҷабовро аз озодӣ маҳрум кардааст.

Ҷамшед Раҷабов, ки дар қатли шаҳрванди Русия гунаҳгор дониста мешавад, рӯзи 29-уми феврал дар мурофиаи додгоҳӣ қисман гуноҳи худро бар дӯш гирифта буд. Раҷабов дар мурофиаи додгоҳӣ гуфт, ки дар ҳақиқат ҳамроҳи “Жора” -- як шаҳрванди қафқозитабори Русия ба манзили зисти Миронченко Б.В, шаҳрванди Русия рафтааст, аммо соҳибхонаро на вай, балки “Жора” паррондааст.

Дар номае, ки аз додгоҳи Маскав дар нисбати Ҷамшед Раҷабов расидааст, гуфта мешавад, ки вай 13-феврали соли 2014 дар ноҳияи Красногорскии вилояти Москва аз шиносаш шахси ба тафтишот номаълум бо номи “Жора” як адад пистолети “мм” бо тирдон гирифта, ҳамон рӯз, соати тахминан 21-00 бо мақсади роҳзанӣ ба хонаи шаҳрванд Миронченко Б.В. воқеъ дар вилояти Москва, ноҳияи Красногорск, деҳаи Илинск, кӯчаи Новая Садовая хонаи № 25 «а» ҳамла намуда, шавҳари ӯро ба қатл расонидааст. Вай баъдан ба ҳамсари ӯ Миронченко С. Ю тир мезанад, ки дар натиҷа вай захмӣ шуда ва ба бемористон интиқол меёбад.

Ба гуфтаи додгоҳ, Ҷамшед Раҷабов сипас дороиҳои ин хонавода ба шумули тиловориҳоро дар ҳаҷми 775607 (як миллиону ҳафтсаду ҳафтоду панҷ ҳазору шашсаду ҳафт рублу аз сад ҳаштод копейк ) баробар ба 128202.73 сомонӣ ғорат менамояд ва онҳоро бо дӯсташ "Жора" тақсим намуда ва ба Тоҷикистон фирор менамояд.

Ҷамшед Раҷабов баъди ба Тоҷикистон омаданаш барои ҳалли мушкили худ, ки дар ҷустуҷӯи пулиси Маскав қарор мегирад, аз Абдулазиз Усмонов, маъруф ба «Ҳоҷӣ Самандар”, як соҳибкори ҳисорӣ маслиҳат мепурсад. Ба гуфтаи худи Раҷабов, бар ивази додани макони амн барои зист дар шаҳри Душанбе, Усмонов ба Раҷабов “пешниҳод” мекунад, ки қарзашро аз бародарон Каримовҳо бояд ситонад. Ҳодисае, ки ба қтли бародарон Каримовҳо анҷом ёфт.

Дар моҳи июли соли гузашта Додгоҳи олии Тоҷикистон Ҷамшед Раҷабовро бар асоси парвандаи пурсарусадои қатли бераҳмонаи ду бародар -- Фарҳод ва Раҷабалӣ Каримовҳо гунаҳкор донист ва ба 25 сол зиндон маҳкум кард ва ҳамроҳони ӯ Абдулазиз Усмонов, маъруф ба «Ҳоҷӣ Самандар” ва Саидмурод Мадалиевро ба ҳабси якумрӣ равонаи зиндон карда буд.

XS
SM
MD
LG