Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти сокини Дарвоз бо 27 кг афюн


Як сокини деҳаи Ёгеди ноҳияи Дарвоз ба гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир боздошт шудааст. Аз Оҷонсии мубориза бо маводи нашъаовар ба Радиои Озодӣ иттилоъ доданд, ки ин сокини Дарвоз шабонарӯзи гузашта дар мавзеи марзии Тӯғаки деҳаи Сангевни ҳамин ноҳия аз сӯи кормандони ин ниҳод, ба даст афтодааст. Манбаъ мегӯяд, ки ҳангоми кофтуков аз ин шахс ду борхалта, ки дар дохилаш 31 баста маводи хамирмонанди ҷигариранг мавҷуд буд, кашфу мусодира шудааст. Ташхис ошкор кардааст, ки маводи мусодирашуда 27 килограм афюн мебошад. Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз шуда ва боздоштшуда дар тавқифгоҳи муваққатии Раёсати оҷонсӣ нигаҳдорӣ мешавад. Ба иттилои дафтари матбуоти Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир, дар ҳоли ҳозир чорабиниҳои оперативӣ барои муайян кардани шахсияти шаҳрвандони Тоҷикистон ва Афғонистон, ки дар ин амал даст доранд, идома дорад.

XS
SM
MD
LG