Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Ӯш намоишгоҳи “Роҳи абрешим - 2016” боз шуд


Дар шаҳри Ӯш имрӯз Намоишгоҳи ҳамасолаи байналмилалии “Агро Экспо “Роҳи абрешим 2016” ифтитоҳ шуд.

Ин намоишгоҳ дар бинои театри миллии драмавии Ӯш баргузор мешавад. Дар чаҳорчӯби он ошноӣ бо таҷрибаҳои пешрафтаи кишоварзӣ сурат гирифта, ҳамчунин бахши тарҳи “Агро Горизонт” анҷом дода мешавад.

Ба гуфтаи ташкилкунандагон, ин намоишгоҳ бузургтарин рӯйдод дар бахши кишоварзӣ дар Осиёи Марказӣ аст. Ба он деҳқонону тоҷирон ва воридкунандаҳои мавод ва таҷҳизоти кишоварзӣ даъват шудаанд.

Дар соли 2015 ба ин намоишгоҳ беш аз 3000 ширкаткунанда омада, миёни фермерҳо ва корхонаҳои кишоварзӣ ба маблағи беш аз 6,9 миллион сӯм қарордодҳо баста шуданд.

Ин намоишгоҳ ба ибтикори Анҷумани тоҷирони кишоварзии Қирғизистон “Жер Азиги” бо ҳимояти USAID баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG