Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Тоҷикистон гурӯҳи бузурги қочоқгари маводи мухаддир ошкор шудааст ва аз ин гурӯҳ 150 кило тарёки афғонӣ мусодира кардаанд. Дар ин бора Хушнуд Раҳматуллоев-сухангӯи Ожонси назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон ба матбуот хабар додааст.

Амалиёти боздошти онҳо як ҷо бо нируҳои Русия анҷом гирифтааст. Ба гуфтаи Раҳматуллоев, ин амалиёт моҳи ноябр дар Душанбе ва дар вилояти Суғд оғоз ёфтааст ва дар маҷмуъ 147 кило тарёк ва 3 кило ҳероин мусодира шудааст.

5 нафар аъзои ин гурӯҳи қочоқчӣ боздошт шудаанд. Онҳо бо ҳамлу нақли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва аз он ҷо ба Русия машғул будаанд.

XS
SM
MD
LG