Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

94 вакили дифоъ аз санҷиш гузаштаанд


Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, ки то имрӯз 94 вакили дифоъ аз санҷиши комиссияи вижаи ин вазорат гузаштаанд. Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон рӯзи 28-уми январ зимни нишасти хабарии ниҳоди зертобеаш гуфт, ки то ба ҳол 94 вакили дифоъ аз санҷиши комиссияи вижаи ин ниҳод гузашта ва ба таври расмӣ мақоми адвокатиро гирифтаанд.

Ин комиссия аввали моҳи декабри 2015 дар назди вазорати адлия ташкил шуда буд. Аъзои ин комиссияи махсус аз ҳисоби кормандони вазорати адлия, Донишгоҳи миллӣ ва Иттиҳоди адвокатҳои Тоҷикистон иборат мебошанд.

Масъулони вазорати адлия қаблан гуфта буданд, ки вакилони мудофеъ дар тӯли панҷ сол як бор аз санҷиш мегузаранд, ки тартиби баргузорияшро худи адвокатҳо муайян хоҳанд кард. Ба гуфтаи онҳо, ин тағйирот ба хотири ҷалби бештари муттахассисон ба фаъолияти адвокатӣ, аз байн бурдани ҳолатҳои ришватхорӣ, таҳкими фаъолияти адвокатӣ ва ба ин васила таъмини адолати додгоҳӣ дар тамоми марҳилаҳо, ҳангоми тафтишот ва мурофиаи судӣ мебошад,

XS
SM
MD
LG