Пайвандҳои дастрасӣ

Дидори Аслов бо Раҳимпур баъди танишҳо


Сироҷиддин Аслов бо Иброҳим Раҳимпур

Сироҷиддин Аслов бо Иброҳим Раҳимпур

Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 25 январ Иброҳим Раҳимпур - муовини вазири корҳои хориҷии Эрон ва ҳайати ҳамроҳи ӯро дар Душанбе ба ҳузур пазируфтааст. Ин сафари Раҳимпур баъди як таниш миёни Тоҷикистону Эрон ба Душанбе сурат мегирад. Тоҷикистон дар моҳи декбари соли гузашта ба иштироки Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар ҳамоиши "Ваҳдати исломӣ" дар Теҳрон эътироз карда ва Эронро барои ҳимоят аз "террористҳо" муттаҳам карда буд.

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар суҳбати рӯзи 25 январ вазъу дурнамои ҳамкориҳои Душанбе ва Теҳрон дар бахшҳои сиёсату иқтисод, тиҷорат ва фарҳанг баррасӣ шудаанд. Инчунин, ба иттилои манбаъ, тарафҳо таҳкими ҳамкориро барои мубориза бо чолишу хатарҳои амнияти минтақавию байналмилалӣ зарур донистаанд.

Сироҷиддин Аслов дипломатҳои Эронро ба муносибати рафъи таҳримҳои ин кишвар табрик гуфта ва изҳори бовар намудааст, ки “ин рӯйдоди таърихӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Эрон такони нав мебахшад”.

XS
SM
MD
LG