Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, ҳанӯз созиши марзӣ бо Қирғизистонро ниҳоӣ карда ва барои имзо ба ҳукумат нафиристодааст.

Тоҷикистон ҳанӯз созишнома дар бораи таъин ва аломатгузории 519,9 километр марзи муштарак бо Қирғизистонро имзо накардааст. Акбар Ятимзода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон, рӯзи 18 январ дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки тарҳи созишнома дар баррасии идораҳои давлатӣ қарор дорад ва баъд аз хулосаи онҳо ба ҳукумат пешниҳод хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ аз вуҷуди ду минтақаи баҳсӣ дар ҳудуди 519,9 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон хабар доданд, ки бар асоси созишнома бояд аломатгузорӣ шаванд. Онҳо гуфтанд, ки мавзеъҳои “Қарамиқ” ва “Олтин-Мазор” дар ноҳияҳои Мурғобу Ҷиргатол воқеъ буда, ду тараф ҳанӯз дар бораи тақдири онҳо ба натиҷае нарасидаанд.

Азизмат Каримов, муовини раиси Кумитаи давлатии идораи замин, дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, “519,9 километр гузариши хатти сарҳаде, ки дар лоиҳаи ин Аҳднома оварда шудааст, қисмати аз нуқтаи баҳамоии се давлат – Тоҷикистон, Қирғизистон ва Чин шуруъ гардида, то минтақаи Кӯҳистони Масчоро дар бар мегирад. Дар ин фосилаи сарҳад ду қитъаи номувофиқашуда ҳамчун равзана боқӣ мондааст, ки яке нуқтаи обуҳавосанҷии “Олтин-Мазор” ва дигаре дар мавзеи Қарамиқ мебошад.”

Ӯ афзуд, тарҳи созишнома алакай аз сӯи гурӯҳи корӣ ва кумисюни байниҳукуматӣ имзо шудааст: “Гуфтушунидҳои ҳайатҳои ду кишвар дар масъалаи муайян намудани хатти сарҳад идома дорад ва Тоҷикистон ҷонибдори ҳарчӣ зудтар ҳал ёфтани ин масъала мебошад.” Муовини раиси Кумитаи идораи замин ва геодезӣ гуфт, матни ниҳоии Аҳдномаи марзӣ дар дидори навбатии ҷонибҳо мувофиқа шуда сипас барои имзо ба роҳбарони ду давлат пешниҳод хоҳад шуд.

Мавзӯи тарҳи созишномаи муштараки марзии Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 15 январ дар як нишасти ҳукуматии Қирғизистон баррасӣ шуд. Аалӣ Карашев, муовини аввали нахуствазири Қирғизистон эълон кард, ки моҳи ноябри соли гузашта ҳайатҳои Душанбе ва Бишкек тарҳи созишро баррасӣ карда, дар мавриди имзои санад оид ба қитъаҳои сарнавишташон ҳамоҳангшуда мувофиқат кардаанд.

Тоҷикистону Қирғизистон 971 километр марзи муштарак доранд ва қитъаҳои мушаххас ва аломатгузоринашуда гоҳо боис ба моҷароҳо мегарданд.

Мақомоти Тоҷикистон дар ҳоле аз вуҷуди нуқтаҳои баҳсии ноҳияҳои Ҷиргатолу Мурғоб хабар доданд, ки то имрӯз ин ду кишвар асосан барои ҳалли баҳсҳои марзӣ дар минтақаи Исфара ва Бодканд вориди баҳс мешуданд. Ин баҳсҳо ҳам боис ба сар задани чандин моҷаро ва занозаниву даргириҳо байни сокинони ду тарафи марз шуда буд. Барои ҳалли ин мушкил ва амн нигаҳ доштани вазъ дар марз, Бишкек соли равон аз равиши наве кор гирифт ва ба Душанбе табодули 12- гектарӣ заминҳои марзии деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи Исфара деҳаи Кӯктошро пешниҳод кард.

Акбар Ятимзода – раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон гуфт, “ин масъала масъалаи хеле нозук аст ва дар ҳоли баррасӣ қарор дорад. Бо 12 сотиху 15 сотих, ҳалли баҳси қитъаҳои замин номумкин аст. Ҳалли ин масъала хеле мушкил аст ва дар вохӯриҳои оянда нисбат ба масъалаҳои ҷойивазкунии қитъаҳои замин ба шумо маълумот хоҳем дод.”

Баҳси ду кишвар бар сари қисматҳои ҳанӯз мушаххаснашудаи марз, аз ҷумла, такяи Қирғизистон ба харитаи соли 1958 ва такя кардани Тоҷикистон ба харитаи қадимтари соли 1925, мунҷар ба он шуд, ки Душанбеву Бишкек аз соли 2006 ба ин сӯ дар раванди таъин ва аломатгузории марзҳояшон ба кундӣ пеш мераванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG