Пайвандҳои дастрасӣ

Президенти собиқи Қирғизистон, ки дар паи инқилоби "лолаӣ" дар соли 2005 аз қудрат барканор шуд, мегӯяд, иштибоҳи ӯ ин буд, ки барои худ дар мақоми раёсати ҷумҳурӣ ҷойгузин омода накард.

Аскар Оқоев, раиси ҷумҳури собиқи Қирғизистон мегӯяд, дар рӯйдодҳои 10 соли пеш, ки боиси аз сари қудрат барканор ва фирор кардани ӯ аз кишвар шуд, ба як иштибоҳ роҳ додааст: бо вуҷуди тасмими худдорӣ аз иштирокаш дар интихоботи навбатии президентӣ, дар фикри омода кардани ҷойгузин нашуд.

Аскар Оқоев соли 2005 дар натиҷаи мавҷи эътирозҳои мардумӣ маҷбур шуд қудратро тарк ва ба Русия фирор кунад. Мақомоти вақти Қирғизистон ӯ ва аҳли хонаводаашро дар ришват, азхудкунии садҳо миллион доллар пул айбдор ва дар нисбати ӯву ҳамроҳонаш беш аз 100 парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Оқоеву оилааш дар Русия панаҳ бурданд. Ҳоло ӯ дар Донишгоҳи давлатии Маскав дарс медиҳад ва ба унвони узви Академияи илмҳои Русия бо фаъолиятҳои илмӣ машғул аст.

Дар як сӯҳбати ихтисосӣ Радиои Озодӣ аз Аскар Оқоев хост, ки назарашро ба таҳаввулоти ахир дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ташкили созмони Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баён кунад.

Аскар Оқоев: Ин равандро мусбат арзёбӣ мекунам, чунки дар ҳошияи раванди ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) ҳамгироии минтақавӣ як амри маъмулӣ аст. Ҳамгироии минтақавӣ ба халқҳои кӯчак имкон медиҳад, ки аз паёмадҳои номатлуби ҷаҳонишавӣ раҳоӣ ёбанд. Аммо дар паи ҷаҳонишавӣ кишварҳои кӯчак, масалан, аз саноати худ маҳрум мешаванд. Чунончи, Тоҷикистону Қирғизистон дар даврони Шӯравӣ саноати сабук, маҳсулоти сохтмонӣ доштанд. Дар Тоҷикистон саноати қавии алюминий фаъолият мекард, нерӯгоҳҳои бузург бунёд шуданд, ки корхонаю фабрикаҳоро бо нерӯи барқ таъмин мекарданд. Мутаассифона, мо ҳамаи инро аз даст додем. Дар замони ҷаҳонишавӣ маълум шуд, ки ин маҳсулоти саноатиро бо маблағи камтар аз кишварҳои хориҷӣ харидан мумкин аст. Дар натиҷа корхонаҳои саноатӣ аз фаъолият бозмонда танҳо бахши кишоварзӣ боқӣ хоҳад монд. Садҳо ҳазор нафар кори худро аз даст медиҳанд ва барои ҷустуҷӯи кор ба кишварҳои хориҷӣ мераванд. Мо ба ҳамгироии боадолатона ниёз дорем. Бояд Русия бо дарназардошти истиқлоли кишварҳо онҳоро ба Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё ҷалб кунад. Аз нигоҳи сиёсӣ шомил шудани Қирғизистон ба ин иттиҳод хуб аст. Зеро мумкин аст ҳаводиси Ховари Миёна ва Афғонистон дар оянда ба вазъи геополитикии Осиёи Марказӣ таъсир гузорад. Дар солҳои 1999 ва 2000 аз Афғонистон ба Тоҷикистону Қирғизистон гурӯҳҳои террористӣ ворид шуда ва ин амал ба талафоти ҷонӣ ва хисороти зиёди иқтисодӣ сабаб шуда буд.

Озодӣ: Ба фикри шумо, то куҷо ин кишварҳо бо мусоидати Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (ОДКБ) метавонанд алайҳи чунон таҳдидҳо муқобала кунанд?

Аскар Оқоев: Бале, агар онҳо алайҳи ин гуна таҳдидҳо муттаҳид шаванд. Ин ҳамгироӣ низ, ба фикри ман, маҳз дар паи ин таҳдидҳои геополитикӣ сурат мегирад.

Озодӣ: Вале воқеият дигар аст. Дар даври шумо ҳам ин буд ва ҳоло ҳам масъала боз печидатар шудааст. Наздиктарин ҳамсояҳо - Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбакистон миёни ҳам мушкил доранд. Ҳеҷ аломате барои ҳамгироӣ ва ё наздикшавии ҳукуматҳои ин кишвар ба назар намерасад ва солҳои охир муносибатҳо боз ҳам бадтар мешавад. Сабаб дар чист, ба фикри шумо?

Аскар Оқоев: Агар иродаи сиёсӣ бошад, ин мушкилот ҳал мешавад. Вақте ман раиси ҷумҳурии Қирғизистон будам, аз рӯи мақоли “Падару модар ва ҳамсояро интихоб намекунанд” амал мекардам. Фалсафааш ин аст, ки ҳеҷ яки мо падар ё модар ва ё ҳамсояи худро интихоб намекунем, онҳоро Худованд ба мо медиҳад. Барои ман хеле муҳим буд, ки миёни ҳамсояҳо равобити дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд вуҷуд дошта бошад. Дар солҳои 1990-ум ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи дастёбӣ ба сулҳу субот дар кишвар ва сулҳ бо мухолифон кумак кардаам. Он замон мақомоти Тоҷикистон ва мухолифон аз заковат кор гирифта кишварро аз фоҷиа наҷот доданд. Ман нахустин раиси ҷумҳури як давлати хориҷӣ будам, ки баъди хатми ҷанги шаҳрсандӣ дар Тоҷикистон бо як сафари расмӣ ба Душанбе рафтам ва роҳро барои дигар раҳбарон ба ин кишвар боз кардам.

Озодӣ: Ҳоло вазъият дар Тоҷикистон тағйир кардааст. Дар парлумон ҳизбҳои оппозитсионӣ намонда, ҲНИТ ҳамчун ҳизби террористӣ баста шуд, бисёр сиёсматмадорон аз саҳна дур шуданд. Шумо ин вазъиятро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Аскар Оқоев: Дар солҳои 1990-ум ҷомеаи ҷаҳонӣ аз сулҳи Тоҷикистон истиқбол карда буд. Мухолифони Тоҷикистон ба манфиати давлату мардум кор мекарданд. Сулҳ ба рушди Тоҷикистон мусоидат кард. Имрӯз набояд ин дастовардро сарфи назар кард. Ин иштибоҳи мақомот аст, ки мухолифонро танг мекунанд ва онҳоро душман мехонанд.

Озодӣ: Парлумони Тоҷикистон рӯзи 9 декабр қонуни Пешвои миллат-ро тасвиб кард. Тибқи ин санад ҳатто дар сурати аз мақом рафтан ҳам Эмомалӣ Раҳмон дар масоили хориҷию дохилӣ ҳаққи мудохила кардан дошта, ӯ соҳиби дафтари корӣ хоҳад шуд ва дахлнопазириаш таъмин мешавад. Бархе онро хилофи Қонуни асосӣ ва роҳ ба тавсеаи шахсиятпарастии Эмомалӣ Раҳмон медонанд. Назари Шумо дар мавриди ин қонун чӣ гуна аст?

Аскар Оқоев: Воқеан, Эмомалӣ Раҳмон дар истиқрори сулҳу субот дар Тоҷикистон нақши муҳим дорад. Дар аввал мухолифонро ба сохторҳои давлатӣ ҷалб кард ва сипас ба дур задани онҳо пардохт. Аммо ҳамеша ман мухолифи шахсиятпарастӣ ҳастам. Раҳбар наметавонад якумрӣ бошад, дар сиёсат бояд рақобат бошад. Омили аслии рушди бесобиқаи Чин ҳам дар ивазшавии раҳбаронаш аст. Бубинед, ин кишвар чӣ гуна ба таври тасаввурнопазир рушд мекунад. Яке аз факторҳои асосии чунин рушди иқтисодӣ ивази роҳбарон аст. Раҳбаре, ки муддати тӯлонӣ ҳукумат мекунад, рушду шукуфоии кишварро таъмин карда наметавонад. Беҳтар мебуд, Эмомалӣ Раҳмон вориси арзандаро тарбия ва омода мекард. Ман дар соли 2004 эълом карда будам, ки дигар дар интихоботи президентӣ дар Қирғизистон иштирок намекунам. Аммо инқилоби лолаии соли 2005 интиқоли қудрат аз тариқи демократиро имкон надод. Ва ҳоло ман танҳо аз як чиз таассуф мехӯрам, ки дар фикри як ҷойгузини худ нашудам.

Озодӣ: Шумо раиси ҷумҳур будед ва бигӯед, ки оё воқеан ҳам қудрат як лаззат, як маззае дорад?

Аскар Оқоев: Бале, сиёсатмадор аз он лаззат мебарад. Вале ман то президент шуданам як олим будам, мақсадам қудрат набуд. Барои ҳамин, соли 2004 гуфтам, ки дар интихоботи соли ояндаи президентӣ иштирок намекунам.

Озодӣ: Аз мақом рафтан барои Шумо чӣ асар гузошт?

Аскар Оқоев: Таъсири чандоне надошт. Худи ҳамон сол дар Донишгоҳи давлатии Маскав ба фаъолият пардохтам. Танҳо чизе, ки маро озурда кард, амалҳои президент Қурмонбек Боқиев буд. Ҳам дар парламент ва ҳам дар сӯҳбатҳои расмӣ тамоми бадбахтию мушкилоти Қирғизистонро ҳосили ҳукумати ман хонд. Ҳатто дар додгоҳҳо парвандаҳое алайҳи ман пайдо шуданд. Дар парламент маро импечмент карданд. Аз мақом рафтан ба саломатии ман ҳеҷ таъсире накард. Зеро саргарми кор будам.

Озодӣ: Ҳоло зиндагиятон чӣ гуна мегузарад?

Аскар Оқоев: Ман профессори Донишгоҳи Маскав ва узви Фарҳангистони улуми Русия ҳастам. Маоши хуб мегирам. Ин маблағ ба ман имкон медиҳад, ки зиндагии хубе дошта бошам. Чанд китобу садҳо мақолаҳои илмӣ навиштам. Баъди аз қудрат рафтан барои чандин кори илмиам ҷоизаҳои байналмилалӣ гирифтам. Ман розӣ ҳастам.

Озодӣ: Ҳоло имкони бозгашт ба Қирғизистонро доред?

Аскар Оқоев: То замоне ки ин ҳукумати инқилобӣ сари қудрат аст, рафта наметавонам. Албатта, Ватанро пазмон шудаам. Агар ҳукумат тағйир кунад ва низоми демократӣ шавад, ҳатман бозмегардам.

Озодӣ: Зимнан, аз ҷумлаи раҳбарони собиқ – ҳамкорону шариконатон касе бо Шумо баъди ин ҳама таҳаввулот дар тамос аст? Масалан, Эмомалӣ Раҳмон ё Нурсултон Назарбоев?

Аскар Оқоев: Ба қавли Уинстон Черчилл, «дар сиёсат дӯстӣ ҷой надорад, танҳо манфиат аст». Бо ҳеҷ яке аз сиёсатмадорон робита надорам. Ҷаҳони ман - илм, конференсияҳои илмӣ ва мулоқот бо олимон аст. Баъди аз қудрат рафтан сиёсатмадорон шуморо фаромӯш мекунанд. Вале дар ҷаҳони илм вазъият комилан дигар аст, олимон хеле самимӣ ҳастанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG