Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аскар Оқоев: Вақте ҳукумат надорӣ, касе суроғат намекунад


​Раисиҷумҳури пешини Қирғизистон мегӯяд, баъди аз сари қудрат рафтанаш раҳбарони кишварҳои минтақа боре суроғаш накардаанд.

Аскар Оқоев, раисиҷумҳури пешини Қирғизистон, мегӯяд, баъди аз қудрат дур шуданаш тайи тақрибан даҳ соли охир зоҳиран аз ёди ҳамкорони собиқаш, ки замоне бо онҳо нишастухез дошт ва пайваста сӯҳбат мекард, зудуда шудааст. Ӯ дар сӯҳбат бо Телевизиони Осиёи Марказӣ, ки барномаҳояш аз Маскав пахш мешаванд, гуфтааст, “ҷаҳони сиёсатро хуб дарк кардам. Ҷаҳони сиёсат аз соҳаи илм ба куллӣ фарқ мекунад. Дар аввалӣ вақте аз саҳна меравӣ, ту дигар вуҷуд надорӣ.”

Оқоев афзудааст, вақте аз қудрат рафт, боре ба раҳбарони Тоҷикистону Узбакистон ва Қазоқистон муроҷиат накард ва ба қавли ӯ, “худи онҳо низ бо умури бузурги давлатӣ банданд ва ман бошам - як корманди одии соҳаи илм. Ман барои нигоҳ доштани он равобит бо ҳамкорони собиқам талош накардам ва нафаре аз онҳо низ боре маро суроғ накардааст.”

Дар мавриди он ки оё Аскар Оқоев омодааст, ба Ватанаш бозгардад, гуфтааст, “ҳоло не”. Чаро ки ба гуфтаи раҳбари пешини Қирғизистон, “дар кишвар сари қудрат ҳукумати инқилобӣ қарор дорад. Аммо дар умум ба кӣ намефорад, ки дар Ватанаш бошад?! Бахусус, дар синне, ки ман қарор дорам. Мехоҳам раваму сари манзили падару модарам дуо кунам. Давоми даҳ сол аст, ки қабри онҳоро зиёрат накардаам.”

Дар идомаи ин сӯҳбаташ бо Телевизиони Осиёи Марказӣ Аскар Оқоев дар бораи баҳсҳои марзӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам сӯҳбат карда, сар задани низоъҳо ва то ҳол ҳалношуда боқӣ мондани аломатгузории сарҳадҳоро айби ҳукуматҳои минтақа хондааст. Ӯ гуфтааст, “вақте мардум маро интихоб кард ва ман ин масъулиятро пазируфтам, дарҳол мушкили марз бо Чинро ҳал кардам. Маро то ҳоло танқид мекунанд, ки ба чиниҳо гузашт кардаам. Вале ман ҳеч гузашт накардам, балки ин қазия одилона ҳал шуд.”

Оқоев аз натиҷаи баҳси марзии Русияву Чин мисол оварда ва гуфтааст, “Русия як кишвари бузург қитъаҳои баҳсияш бо Чинро панҷоҳ ба панҷоҳ тақсим кард. Тоҷикистон 70 дарсад гузашт карда, 30 дарсади қитъаи баҳсиро ҳифз намуд. Қазоқистон шаст дарсади қитъаи баҳсиро ба Чин дода, 40 дарсадашро соҳибӣ кард. Мо танҳо кишваре ҳастем, ки 70 дарсадро ҳифз карда, 30 дарсад гузашт кардем. Вале то ба ҳол ҳамватанонам маро барои ин кор танқид карда ва муттаҳам мекунанд, ки гӯё заминро фурӯхтаам.”

Аскар Оқоев муносибати кунунии ҳукумати Қирғизистон бо ҳамсояҳояш, аз ҷумла Тоҷикистон на он қадар дӯстона номида ва гуфтааст, ин муносибат баъди аз қудрат рафтани ӯ ба ин вазъ гирифтор шуд. Дар ҳоле ки ба қавли Оқоев дар вақти раҳбарияш ӯ бисёр талош кардааст, муносибати Бишкек бо Маскав ва кишварҳои минтақа ва эҳтироми ҷонибҳоро дар сатҳи зарурӣ нигоҳ бидорад.

Дар масъалаи баҳсҳои обӣ дар минтақа аскар Оқоев гуфтааст, “ин савол барои кишварҳои болообе милси Тоҷикистону Қирғизистон бисёр муҳим аст. Вақте СССР буд, ин масъалаҳоро одилона ҳал мекард. Аммо баҳсҳои обӣ дар оянда мояи низоъҳо хоҳанд шуд.”

XS
SM
MD
LG