Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чанд "бомба" дар китоби ёддоштҳои Ҷабборов


Сиёсатмадори фирории қирғиз Содир Ҷабборов дар китоби ёддоштҳояш раиси ҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоевро ба даст доштан дар бурдани 3 тонна тило ба Туркия ва раиси собиқи порлумон Аҳмадбек Келдибековро ба фурӯхтани курсии волии Бодканд дар ивази 200 000 доллар айбдор кардааст.

Сиёсатмадори фирории қирғиз Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури кунунии Қирғизистонро ба даст доштан дар бурдани 3 тонна тилои фаровардаи кони тилои Қумтор ба Туркия айбдор кардааст. Содир Ҷабборов дар китоби ёддоштҳояш, ки бо номи “Саясатка аралашкан он жыл” (“10 сол дар сиёсат”) ғолибан дар Полша (Лаҳистон) чоп шудаву дар Интернет ҳам дастрас аст, навиштааст, дар моҳи октябри соли 2011 аз Қирғизистон ба Туркия ба таври махфӣ қариб 3 тонна тило интиқол додаанд ва бино ба маълумоте, ки ӯ дастрас кардааст, раиси ҷумҳури кунунӣ (он вақт – сарвазир) Алмосбек Отамбоев ва раисиҷумҳури собиқ Роза Отунбоева дар ин кор даст доштанд ваё ҳадди ақал аз ин хабар доштанд.

Китоби ёддоштҳои Ҷабборов, ки аз қабл “бомба” унвон мешуд, аз 2 банд иборат аст. Банди аввал таҳаввулоти баъди “инқилоби лолаҳо”-и соли 2005, аз ҷумла нахустин пирӯзии Содир Ҷабборов дар интихобот ва вакили порлумон шуданашро тасвир кардааст. Ӯ аз ҷумла аз иттиҳоди сиёсиаш бо Феликс Қулов қисса мекунад ва менависад, баъди суқути режими Аскар Оқоев, вақте Қулов дар муқобили Қурмонбек Боқиев низ номзад ба интихоботи президентӣ шуд, раҳбарии ситоди ӯро Алмосбек Отамбоев бар ӯҳда дошт. Вале Қулов бо Боқиев муомила кард ва номзадиашро пас кашид, ки ин, ба навиштаи Содир Ҷабборов, Отамбоевро сахт ранҷонд. Як омили батадриҷ аз Феликс Қулов кандан ва мустақилона ба майдони сиёсат рафтани Отамбоев, тавре Ҷабборов менависад, ҳамин муомила шуд.

Аммо банди аз ҳама пурмоҷаро ва пур аз “бомба”-и ёддоштҳои Содир Ҷабборов банди дуюми “10 сол дар сиёсат” аст, ки ҳаводиси баъд аз “инқилоб”-и соли 2010-ро, ки ҳукумати Қурмонбек Боқиевро аз саҳна рӯфт, фаро мегирад. Ҷабборов баъди суқути Боқиев ҳамраиси ҳизби “Ота-Журт” шуд, ки бо касби орои бештарин дар интихобот бузургтарин ҳизби оппозисиюнӣ дар Жогорку Кенеш – порлумони Қирғизистон шуда буд.

Давраи пуршӯри фаъолиятҳои сиёсии Содир Ҷабборов низ ба ҳамин давра рост меояд. Ӯ дар порлумон раҳбарии кумиссиюнеро бар ӯҳда дошт, ки қазияи пурсарусадои ба як ширкати Канада фурӯхтани саҳмияҳои кони тилои Қумторро таҳқиқ мекард. Ҷабборов менависад, ҳукумат дар ин қазия аз манфиати мардум ҳимоят накард.

Ҷабборов ва ёрони ӯ аз ҳизби “Ота-Журт” моҷарои Қумторро ба як шиори муборизаи худ бо ҳукумат табдил доданд ва дар октябри соли 2012 дар маркази Бишкек гирдиҳамоии эътирозӣ ташкил дода, талош карданд, то вориди бинои порлумон шаванд.

Ба дунбол ӯву раҳбарони дигари “Ота-Журт” боздошт ва бо лағви масунияти вакилиашон маҳкум ба зиндон шуданд. Мақомоти Қирғизистон алайҳи Ҷабборов бо иттиҳоми фасод парвандаи дигар ҳам кушоданд, вале ӯ баъди раҳоияш пас аз тақрибан ним соли боздошти аввал, аз кишвар ба самти номаълум фирор кард.

Ҳоло ӯ дар китобаш менависад, маҳз талошҳояш барои парда бардоштан аз схемаҳои коррупсионӣ сабаби таъқибаш аз тарафи мақомоти кунунии Қирғизистон шудааст. Ӯ қазияи интиқоли махфиёнаи ҳудуди 3 тонна тило аз Қирғизистон ба Туркия дар моҳи октябри соли 2011-ро яке аз чунин схемаҳо меномад.

Содир Ҷабборов ҳамчунин ҳокимони кунуниро ба “харидан”-и раҳбарони мухолифин айбдор мекунад ва аз ҷумла муттаҳиди пешинаш - раиси собиқи порлумон Аҳмадбек Келдибековро мисол меорад, ки ба навиштаи Ҷабборов, “ба хотири мансаб мухолифинро фурӯхт ва ҳамкоир ҳукуматдорон шуд.” Аммо иттиҳоми ҷиддитаре, ки Содир Ҷабборов алайҳи Келдибеков дар китобаш ҷо кардааст, марбут ба харидуфурӯши мансабҳост: “Аҳмадбек Келдибеков дар соли 2011 мансаби волии вилояти Бодкандро ба Орзубек Бурҳонов дар ивази 200 000 доллар фурӯхт.” Ӯ Аҳмадбеков ва раҳбарони дигари ҳизбро ҳамчунин ба дастдарозӣ ба хазинаи ҳизби “Ота-Журт” низ айбдор мекунад.

Қурмонбек Усмонов, вакили порлумон аз ҳизби “Ота-Журт” дар шарҳи китоби ҳамҳизби собиқаш гуфт, “Содир Ҷабборов аз ҳама сахт озурда шудааст ва ба ин далел, набояд иттиҳомоту маълумотеро, ки ӯ чоп кардааст, зиёд гирифт ва ба он бовар кард.”

Аммо Мукар Чолпонбоев, раиси собиқи порлумони Қирғизистон хостори таҳқиқи иддаоҳои омада дар китоби “10 сол дар сиёсат”-и Содир Ҷабборов шудааст: “Ин китоб бояд ба таҳқиқи ин қазияҳои пурсарусадо таҳрик диҳад. Бояд тамоми талошро кард, ки дар зеҳни мардум заррае ҷои шакку шубҳа боқӣ намонад. Интиқоли 3 тонна тило кори шӯхӣ нест.”

Содир Ҷабборов 47 сол дошта, то интихобаш ба вакилии порлумон дар соли 2005 мудири ширкати “Нурнефтегаз” буд. Дар солҳои 2007-2009 мушовири раисиҷумҳур Боқиев ва ҳам кумиссари Оҷонсии миллии мубориза бо фасод буд. Тайи солҳои 2010-2012 – раиси кумитаи ҳуқуқии Жогорку Кенеш. Баъди раҳоияш аз боздошт аз Қирғизистон фирор кард. Макони будубоши кунуниаш дақиқ нест, вале Ҷабборов ҳар сари чанд вақт аз тариқи расонаҳо ва инак, бо чопи китоби ёддоштҳояш, аз худ дарак медиҳад.

XS
SM
MD
LG