Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳсҳои марзӣ: Соли оромтар, вале бидуни пешрафт


Ҷашнвора дар марзи Исфараву Бодканд

Ҷашнвора дар марзи Исфараву Бодканд

Коршиносон таҳаввулоти як соли охир дар масоили марзи Тоҷикистону Қирғизистонро ба сурати умум соле нисбатан ором, вале бидуни пешрафт арзёбӣ мекунанд.

Соли 2015 Тоҷикистон ва Қирғизистон дар таъин ва аломатгузории марзи муштарак ва минтақаҳои баҳснок ба пешрафтҳои чашмрасе даст наёфтанд. Вале охири сол аз ҷониби Қирғизистон пешниҳоди табодули қитъаҳои замини марзӣ дар миён гузошта шуд, ки дар музокироти марзии ҷонибҳо чизе нав ва барои бори аввал аст.

Соли равон талоши сокинони марзӣ ва мақомоти тоҷику қирғиз барои бо роҳи гуфтугӯву музокираҳо ва “дипломатияи мардумӣ” ҳал кардани мушкилоти мавҷуда вазъро дар марз нисбатан амн ва ором нигаҳ медошт.

Баргузории ҷашнвораҳои об, мусобиқаҳои варзишӣ ва иштирок дар иду маросимҳои ҳамдигар соли равон борҳо сокинони марзиро дар деҳаҳои марзӣ ва марказҳои Исфараву Ғафуров гирди як дастархон ҷамъ меовард ва сокинони марзӣ дам аз таҳкими дӯстиву ҳамсоягӣ ва ҳалли мушкилот бо роҳи гуфтугӯву машварат мезаданд.

Роҳҳои алоҳида барои сокинони марзӣ

Ибтидои соли 2015 Тоҷикистон ва Қирғизистон бар пояи мувофиқаи байниҳукуматӣ якҷоя ба сохтмони роҳҳои марзӣ барои ҷамоати Ворухи Исфара ва Мақсади Лайлак шурӯъ карданд. Бунёди ин роҳҳо: ба бовари мақомот, дар рӯзҳои муноқиша низ ба сокинони ин маҳалҳои марзӣ низ имкон медиҳад бе мамониат ба марказҳои ноҳияи худ раво кунанд. Ҳоло ба гуфтаи сокинони ин маҳалҳо, роҳи Мақсад – Интернатсионал аз байни ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Ғафуров барвақт анҷом ёфтаву мавриди истифода қарор гирифтааст, вале роҳи Ворух – Исфара аз канори деҳаи Оқсойи ноҳияи Бодканд ҳанӯз нотамом аст. Ҷониби Тоҷикистон қисмати худ, иборат аз 4 километрро ҳанғз аввали соли равон анҷом дода, вале Қирғизистон сохтмони қисмати худро ба таъхир меандозад.

Иқбол Тешаев, сухангӯи раиси шаҳри Исфара, анҷоми ин роҳро ба хотири “таҳкими муносибати ҳамсоягӣ”- и Тоҷикистону Қирғизистон муҳим медонад: “Баъди чандин муноқишаву тирандозиҳо ва қурбониҳои марзӣ дар соли гузаштаи 2014 имсол мақомот ва сокинони марзии тоҷик қирғиз барои паст кардани шиддати авзоъ дар манотиқи марзӣ талош доштанд. Ва ба ин, хшбахтона, даст ҳам ёфтем. Ҳоло аз нигоҳи ман, барои аз даст нарафтани он ва ҳалли мушкилот бо роҳҳои гуфтугӯву созиш бикӯшем. Чунки муноқиша ва сангандозиҳо ба сӯи ҳамдигар ба зарари ҳар ду тараф анҷом меёбад ва ба ҳалли мушкилот мусоидат нахоҳад кард.”

Об бар ивази роҳ

Дар авоили моҳи август байни даҳҳо сокини деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи Тоҷикистон ва Кӯктоши Қирғизистон сари обу раҳ муноқиша сар зад.

Сокинони рустои қирғизнишин роҳи обро ба деҳоти тоҷикнишин баста талаб карданд, дар иваз роҳи онҳо ба қабристони муштараки ду тараф боз карда шавад. Муноқиша ба сангандозӣ кашид. Сипас давоми се рӯз аъзои комиссияи ҳукуматии ҳарду кишвар ба баррасии қазия пардохта, роҳҳали онро пайдо карданд. Бар асоси он, масъулони ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара ва Самарқандаки Бодканд санадеро имзо карданд, ки бар асоси он сокинони марзӣ, бахусус миробҳо бе мамониати сарҳадбонону кормандони пулис ба сарбандҳои оби деҳоти якдигар роҳ дода мешаванд. Абдухалил Шарифов, муовини раиси ҷамоати Чоркӯҳ мегӯяд, "бар асоси ин санад сокинони ду ҷамоати марзӣ, махсусан миробҳо, метавонанд дар ҳолати зарурӣ ба сарбандҳои манобеи обии ҳамдигар рафта, бо тақсиму додани об ва тоза намудани каналу ҷӯйборҳо машғул шаванд."

Вай афзуд, ки “ҳоло аз рӯи зарурат сокинони ҷамоатҳо метавонанд, аз деҳаҳои якдигар убур карда, кори худро ба сомон расонанд.”

Ба қавли ҳамсӯҳбати мо, ин бори аввал аст, ки ҷамоатҳои ду навоҳии марзӣ як чунин санадро ба имзо расондаанд ва онҳо бовар доранд, ки ин таҷруба дар навоҳии дигари марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон ба кор бурда мешавад.

Баҳси соҳибӣ ба чоҳҳои газ

Тобистони соли равон баҳс сари соҳибӣ ба чоҳҳои гази Ниёзбек, воқеъ дар байни ноҳияҳои Конибодом ва Лайлак, дар тақрибан 10 - километрии ҷанубу шарқи шоҳроҳи Хуҷанд-Конибодом рӯ зад.

Моҳи июли Қирғизистон эълон кард, ки ин чоҳҳои газ ба ихтиёраш гузаштааст. Қаблан гуфта мешуд, дар ин минтақа ҳашт чоҳи газ вуҷуд дорад, вале мақомоти қирғиз теъдоди ин чоҳҳоро 14 адад эълон карданд.

Вале ин хабар ба зудӣ аз суи мақомоти Тоҷикистон рад гардид. Шавкат Бобозода, вазири саноат ва технологияи нави Тоҷикистон гуфт, ҳеҷ як аз чоҳҳои Ниёзбек ба Қирғизистон тааллуқ нагирифтааст. Ба гуфтаи ин мақоми тоҷик, “ин тавр нест, ки бидуни тартиботу қонунгузорӣ, ин чоҳҳо ба ихтиёри кишвари дигаре гузаранд.” Ба таъкиди вай, мавзеи "Ниёзбек" дар байни қаламрави ноҳияи Конибодоми Суғд ва Лайлаки Бодканд ҷойгир буда ва минтақаи баҳсӣ мебошад ва комиссияи байнидавлатӣ сарнавишти онро муайян хоҳад кард.

Қаблан аз ин чоҳҳои газ ширкати муштараки Тоҷикистону Австрия - "Суғд Петролеум" баҳрабардорӣ мекард ва ба гуфтаи масъулони ин ширкат, 300 тонна нафти хом истеҳсол карда, солона ҳудуди 1 миллион сомонӣ ба буҷаи Тоҷикистон андоз месупурд. Вале роҳи коргарони ин ширкат ба сӯи ҷоҳҳои гази Ниёзбек аз охири моҳи октябри соли 2013 баста аст.

Имзои қарордоди оташ накушодан ба суи мардум ва низомиён

Рӯзи 9 - уми июли соли равон раҳбарони нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва Қирғизистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва Раҳимбердӣ Дуйшанбиев зери қарордоде имзо гузоштнд, ки он оташ кушодан ба сӯи мардуми одӣ ва ҳам низомиён дар сарҳади ду кишварро манъ мекунад.

Боборизо Ризоев (аз тарафи рост)

Боборизо Ризоев (аз тарафи рост)

Ҷонибҳоро ба ин тавофуқ ҳалокати як сокини Исфара - Боборизо Ризоев ва захмӣ шудани як марзбони тоҷик аз тирпаронии марзбонҳои қирғиз дар канори ҷамоати Чоркӯҳи Исфара водор кард.

Ҳамин тавр, ҳарчанд соли 2015 назар ба соли 2014, ки дар беш аз 30 муноқишаву танишҳои марзии байни сокинон ва нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон Қирғизистон се шаҳврванди Тоҷикистон, аз ҷумла як афсари нирӯҳои марзбонӣ куштаву аз ҳар ду тараф ҳудуди 20 нафар захмӣ шуданд, ором ва бидуни тарпаррониву хунрезӣ буд, вале кушта шудани Боборизо Ризоев, ҷавони 18-солаи тоҷик онро хадшадор кард. Дар маҷмӯъ соли равон дар марзи байни Тоҷикистон Қирғизистон ҳудуди 10 муноқиша рух додааст.

Баста шудани роҳи мошинҳои борбари Тоҷикистон

Қирғизистон убури мошинҳои Тоҷикистонро, ки аз Русияву Чин бор меоранд, аз тариқи гузаргоҳи Қарамиқ мамнӯъ кард. То охири тобистони соли равон онҳо бе мушкил аз ин гузаргоҳ убур мекарданд ва ин наздиктарин гузаргоҳе буд, ки воридоти мол аз Чин ба Тоҷикистонро осонтар мекард. Акнун ронандаҳои мошинҳои боркашон аз гузаргоҳи ноҳияи Исфара ва ё роҳи мошингарди Қулма - Қароқурум ба Тоҷикистон меоянд, ки роҳи онҳоро дарозтар мекунад. Мақомоти қирғиз ин тасмими худро ба мақоми “байнулмилалӣ” надоштани гузаргоҳи мазкур рабт додаанд. Вале бархе коршиносони тоҷик бар онанд, ки ин амр ба ворид шудани Қирғизистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бастагӣ дорад, зеро ин иттиҳод маҳз ба хотири ҳимояи бозори дохилӣ аз маҳсулоти беруна ва бартарӣ додан ба истеҳсолкунандагони ватанӣ сохта шудааст. Гузашта аз ин, дар кишварҳои узви Иттиҳоди АвруОсиё таҳти роҳбарии Русия қонуне ба иҷро даромад, ки содироти мол аз кишварҳои ғайриузв, аз ҷумла аз Тоҷикистонро душвор мегардонад.

Қирғизистон дар моҳи майи соли ҷорӣ расман шомили ин иттиҳод шуд. Русия низ барои кумак ба узвияти Қирғизистон дар 200 миллион доллар дод, то чаҳор гузаргоҳи гумрукии худро навсозӣ ва бо кишварҳои дигар рақобат кунад. Ба ҷуз ин Қирғизистон ба мошинҳои сабукрави Тоҷикистон ҳам, ки аз гузаргоҳҳои расмӣ ба қаламраваш ворид мешаванд, ҳудуди 1 ҳазор сом, муодили 100 сомонӣ боҷи экологӣ бастааст. Як ронандаи таксӣ аз шаҳри Исфара ба радиои Оодӣ гуфт, вай то тобистони соли равон сокинони Суғдро бидуни мамониат то Бишкек мебурд. Вале акнун то хати марз мебарад ва ба дасти таксиронҳои қирғиз месупорад, то сафарро дар мошини онҳо давом диҳанд. Ба навбати худ таксиронҳои қирғиз низ мусофирони аз он сӯ овардаи худро дар марз ба дасти таксирони тоҷик медиҳанд.

Оё қитъаҳои замини марзӣ иваз хоҳад шуд ?

Биноба иттилои расмӣ, то кунун ҳайати комиссияи муштарак тавонистааст аз 970 километри марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 519 километрро муайян кунад ва ҳоло ҳудуди 451 километр ва умдатан байни Суғду Бодканд боқӣ мондааст. Канори ҳам зистани тоҷикону қирғизҳо дар бархе маҳалҳо, печидагии хати марз, вуҷуди анклавҳо ҷудо кардани хати марзро ба мушкил кашидааст ва ҷонибҳо солҳо наметавонанд ба мувофиқа даст ёбанд.

Вале моҳи ноябр Бишкек аз равиши наве кор гирифт ва ба Душанбе табодули 12-гектарӣ заминҳои марзиро пешниҳод кард. Тибқи он, Тоҷикистон 12 гектар замин дар деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи Исфараро дар ихтиёри Қирғизистон мегузорад, дар иваз Қирғизистон ҳамин қадар заминро, ки ба деҳаи Кӯктош тааллуқ дорад, ба Тоҷикистон хоҳад дод. Мақомоти қирғиз ин пешниҳодро бар асоси хостаҳои сокинони ин маҳали марзии дурафтодаи худ ва ба хотири хотима додан ба мушкили онҳо меноманд, ки аз ин табодул ба қисмати дигари ноҳияи худ имкони равуои озод пайдо мекунанд. Вале мақомоти тоҷик ҳанӯз назари худро дар бораи ҳақиқати ин пешниҳод ва имкони ивази заминҳои марзӣ баён надоштаанд. Як сокини деҳаи Сомониён ба Радиои Озодӣ гуфт, ки пешниҳоди ивази заминро сокинони деҳаи Кӯктош ба намояндагони ҳукумати худ пешниҳод намуда, вале касе назар ва ризояти сокинони деҳаи Сомониёни Чоркӯҳро дар ин маврид напурсидааст.

Баҳси кӯҳнаи тақсими марз, аммо бо ҳайъатҳои нав

Азим Иброҳим

Азим Иброҳим

Ҳафтаи гузашта як гурӯҳи кории Тоҷикистон оид ба масъалаи ташхиси марз, таҳти раҳбарии муовини аввали раиси вилояти Суғд Рустами Раҳматзода бо ҳамтоёни қирғизи худ дар Исфара ва Бодканд тайи ду ҳафтаи гузашта қитъаҳои мавриди баҳсро мавриди омузиш қарор додаанд. Ҳамчунин гуфта мешуд дар он нишаст масъалаи табодули 12-гектарӣ заминҳои баҳсӣ дар деҳаҳои Сомониёни Исфара ва Кӯктоши Бодканд яке аз мавзуъҳои аслӣ қарор хоҳад гирифт. Як манбаъи наздик ба гурӯҳи кории Комиссияи байнидавлатии Тоҷикистон оид ба масъалаи ташхиси марз рӯзи 21 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин гурӯҳҳо кори хдро рӯзи 18 декабр анҷом дода, хулосаҳои худро ба нишасти навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон пешниҳод хоҳанд кард.

Ҳоло мақомоти ҳарду ҷониб натиҷаҳои ин омӯзишро эълон накардаанд, вале қаблан ҷониби Қирғизистон аз вуҷуди ҳудуди 30 минтақаи мавриди баҳс байни Суғд Бодканд сӯҳбат мекард.

Манобеи наздик ба Комиссияи байнидавлатии Тоҷикистон оид ба масъалаи марзбандӣ мегӯянд, натиҷаҳои омӯзиши ин гурӯҳи корӣ дар Исфараву Бодканд дар нишасти навбатии ин комиссия дар соли нав матраҳ ва баррасӣ хоҳад шуд.

То тирамоҳи соли равон раиси Комиссияи байнидавлатии Тоҷикистон дар музокира бо ҳайати Қирғизистонро Маҳмадтоир Зокиров, вазири кишоварзӣ буд. Моҳи октябр ин масъулият бар асоси як қарори раиси ҷумҳури Тоҷикистон бар дӯши Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон гузошта шуд.

Дар Қирғизистон низ таъсиси ҳукумати нави ин кишвар аз сӯи порлумон Абдураҳмон Маматалиев, ноиби сарвазири ин кишвар ва раҳбари ҳайъати ин кишвар дар ҷаласаҳои марзбандӣ аз ин масъулиятҳо канор андохта шуд ва ҷои ӯро Алӣ Карашев, муовини нави сарвазири тозаинтихоби ин кишвар иваз кард.

Дар вилояти Суғд низ баъди нафақа рафтани Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд аз моҳи августи соли равон ин симматро Рустам Раҳматзода ишғол намуда, шомили комиссияи байнидавлатии Тоҷикистон оид ба масоили марзӣ гардид. Ҳамчунин соли равон раиси кумитаи заминсозии вилояти Суғд, дигар аз узвҳои комиссияи мазкур аз шимоли Тоҷикистон ба вазифаи дигар таъин шуда, ӯро низ дар комиссияи байнидавлатии марзбандӣ ҷойгузинаш иваз кард.

Азим Иброҳим дар мусоҳибаи нахустинаш дар симати нав бо Радиои Озодӣ гуфт, талош ба харҷ хоҳанд дод, ки ҳамаи масъалаҳои марбут ба сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон бо некӣ ҳал шаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG