Пайвандҳои дастрасӣ

Пулиси Русия аз боздошти ду сокини ноҳияи Люберсии вилояти Маскав ва як зодаи Ҷумҳурии Чувашия бо иттиҳоми ҳамлаи ғоратгарона ба як муҳоҷири тоҷик хабар дод. Ин шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистон шоми 5 январ ба пулис шикоят кард, ки се нафар ба манзили хоби ӯ дар шаҳри Котелники ҳамла карда, бо таҳдид бо корд 100 000 рубли ӯро ба яғмо бурдаанд. Пулиси вилояти Маскав мегӯяд, алакай баъди чанд соат се нафарро, ки дуяш 17 сол ва якеи дигар 18 сол доранд, дастгир карданд. Алайҳи ду сокини ноҳияи Люберси ва зодаи Чувашистон бо иттиҳоми “ғоратгарӣ ба маблағи бузург бо ҳамла ба манзил” парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Аммо ҳарсе гумонбарро ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист аз боздошт раҳо кардаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG