Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суқути чархболи Ми-17 дар Лугари Афғонистон


Дар вилояти Лугари Афғонистон рӯзи 3 январ бар асари ба замин сарозер шудани чархболи низомии Ми-17, ки мутааллиқ ба артиши кишвар буд, се сарбоз ба ҳалокат расида, ду нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Намояндаи вазорати дифои Афғонистон гуфт, ки чархбол бар асари мушкили фаннӣ суқут кардааст.

Ҳукумати ИМА чархболҳои Ми-17-и истеҳсоли Русияро харида, онҳоро бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз мекунад ва дар ихтиёри артиши Афғонистон қарор медиҳад.

Ба гуфтаи мақомоти Афғонистон, халабонҳои афғон ба он хотир ба чархболҳои русӣ бартарӣ медиҳанд, ки бо таҷҳизот ва тарз идораи он хуб ошноянд. Ҳамчунин Ми-17 барои баргузории амалиёти низомӣ дар мавзеъҳои кӯҳӣ мувофиқтар аст.

XS
SM
MD
LG