Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 2 тундрави эҳтимолӣ дар Қирғизистон


Дар шаҳри Қарокӯли Қирғизистон ду шаҳрванди ин кишвар ба эҳтимоли узвият дар созмони мамнуи “Тавҳид ва Ҷиҳод” боздошт шудаанд.Ин созмон бо гурӯҳи тундрави Давлати Исломӣ иртибот дорад. Дар ин бора Жениш Аширбоев-сухангӯи дафтари матбуотии раёсати корҳои дихилаи вилояти Уш ба матбуот хабар додааст.

Ба гуфтаи Аширбоев, вазорати корҳои дохилаи Қирғизистон маълумоте дар даст дорад, ки ин ду нафар узви созмони тундрави мазҳабии “Тавҳид ва Ҷиҳод” мебошанд ва баъд аз машқҳои низомӣ аз урдугоҳҳои гурӯҳи тундрави Давлати Исломӣбаргаштаанд. Онҳо дар амалиёти низомӣ дар Сурия ширкат кардаанд.

Вазорати корҳои дохилаи Қирғизистон гуфтааст, ки раҳбари гурӯҳи “Тавҳид ва Ҷиҳод” бо номи Абусалоҳ ҳоло дар Сурия қарор дорад. Пештар хабарҳо пахш шуда буд, ки дар ҷануби Қирғизистон 8 нафар узви ин гурӯҳро боздошт кардаанд ва ду нафари онҳо шаҳрвандони Узбакистон мебошанд.

Баъд аз боздошт аз аъзои ин гурӯҳ силоҳу муҳимоти ҷангӣ, маводи мухаддир ва адабиёти мазҳабӣ мусодира кардаанд.

XS
SM
MD
LG