Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 25 нафар дар сӯхторе дар Саъудӣ


Наҷоти одамон аз ошёнаҳои болои бемористон
Наҷоти одамон аз ошёнаҳои болои бемористон

Бар асари сӯхтор дар як бемористон дар Арабистони Саъудӣ 25 нафар ба ҳалокат расида, 107 каси дигар бо ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.

Мақомоти расмӣ рӯзи панҷшанбе, 24 декабр хабар доданд, ки оташсӯзӣ шоми чаҳоршанбе дар ду шӯъбаи бемористони шаҳри Ҷазон, воқеъ дар соҳилҳои ҷанубу ғарбии кишвар, рӯй додааст.

Сабабҳои сӯхтор то ҳол муқаррар нашудаанд. Гуфта мешавад, ки ин бузургтарин ҳодисаи оташсӯзӣ дар Арабистони Саудӣ дар солҳои ахир аст.

XS
SM
MD
LG