Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон амали Туркияро нодуруст хонд


Алмозбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон амали Туркияро дар сарозер кардани ҳавопаймоии ҷангии Русия дар марзи Туркия бо Сурия нодуруст хондааст.

Ҷаноби Отамбоев рӯзи панҷшанбеи 24 декабр дар нишасти хабарии солонааш дар шаҳри Бишкек гуфтааст,Туркия бояд барои нақзи ҳарими ҳавоии кишвараш дар муддати 17 сония равобити дӯстонаи чандинсолаааш бо Русияро зери суол намебурд.

Ӯ гуфтааст: “Равобити сулҳомез муҳимтар аст. Мавориди нақзи ҳарими ҳавоии Қирғизистон тавассути ҳавопаймоҳои кишварҳои ҳамсоя ба муддати на чанд сония, балки чанд соат ба мушоҳида расидаст. Аммо мо ҳавопаймоҳоро сарозер намекунем, зеро сулҳу субот муҳимтар аст. Умедворам, кишвари ҳамоя иштибоҳи худро дарк хоҳад кард”.

Алмозбек Отамбоев гуфтааст, умедвор аст, Туркия барои суқути ҳавопаймо аз Русия узрхоҳӣ карда ва Русия низ онро мепазирад.

Зимнан, дар пайи суқути ҳавопаймои “СУ-24”-и Русия дар фазои марзи Сурия ва Туркия дар авохири моҳи гузашта равобити Русия ва Туркия тира шуд. Туркия ҳавопаймои русиро дар нақзи ҳарими ҳавоии худ муттаҳам карда, аммо Русия ин иддаро рад кардааст.

XS
SM
MD
LG