Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таърихи нави машваратҳои Тоҷикистону Узбакистон


Яке аз гузаргоҳҳо дар марзи Тоҷикистону Ӯзбакистон
Яке аз гузаргоҳҳо дар марзи Тоҷикистону Ӯзбакистон

Дар назар аст, дар рӯзҳои 24 ва 25 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои умури хориҷии Тоҷикистон ва Узбакистон баргузор шавад.

Дар ин бора рӯзи сешанбеи 22 декабр дафтари матбуоти Вазорати хориҷии Узбакистон хабар додааст. Тибқи ин хабар, раҳбарии ҳайъатҳоро муовини вазирони хориҷи ин ду кишвар ба ӯҳда доранд.

Тибқи иттилои вазорати хориҷии Узбакистон, дар ин мулоқот тавсеъаи ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва нақлиётӣ баррасӣ шуда, масоили амнияти минтақа, аз ҷумла, вазъияти Афғонистон низ матраҳ хоҳад шуд.

Интизор мерафт, ин дидор дар рӯзҳои 17 ва 18 декабри соли ҷорӣ анҷом шавад, аммо бо тавофуқи ҷонибҳо ин мулоқот ба муддати як ҳафта ба таъхир афтод. Далели ин таъхир эълон нашудааст.

Ин нахустин машваратҳои сиёсӣ байни ниҳодҳои дипломатии Тоҷикистону Узбакистон аст, ки баъд аз ду даҳсолаи танишҳо дар равобити ин ду кишвари ҳамсоя сурат мегиранд.

Танишҳо байни Тошканду Душанбе аз соли 2010 боло гирифт. Тошканд ба азми Душанбе барои сохтани нирӯгоҳи Роғун шадидан мухолифат варзида, алайҳи ин ҳамсояаш як силсила тадбирҳои иқтисодӣ андешид. Аз ҷумла,Ӯзбакистон аз шабакаи воҳиди нирӯи барқи Осиёи Марказӣ берун шуд ва бо ин камбуди бе он ҳам сангини нирӯи барқи Тоҷикистон дар мавсими сарморо боз ҳам сангинтар кард. Узбакистон, ҳамчунин, аз соли 2011 интиқоли газ ба Тоҷикистонро пурра қатъ кард ва дар поёни ҳамон сол бо баҳонаи “сӯди ками иқтисодӣ” роҳи оҳани Тирмиз – Амӯзанг, танҳо роҳи оҳан ба самти вилояти Хатлони Тоҷикистонро барчид.

.

XS
SM
MD
LG