Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сайтбандӣ хилофи амнияти иттилоотӣ аст


Маҳдудияти дастрасӣ ба сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба амнияти иттилоотии кишвар таҳдид мекунад.

Ин матлаб дар мизи гирди «Расонаҳо ва фаъолияти боамни хабарнигорон дар Тоҷикистон», ки 19 декабр дар Душанбе баргузор шуд, матраҳ шудааст.

Асомиддин Атоев, раиси Анҷумани ширкатҳои хадамоти интернетӣ дар Тоҷикистон гуфт, вақте дар Ютуб навори видеоии як ҷангӣ аз Тоҷикистон, ки дар бораи ҷиҳод дар Сурия қисса мекард, пайдо шуд, касе ба он таваҷҷӯҳ накард. Аммо вақте маҳдудият роҳандозӣ шуд, таваҷҷӯҳи корбарон ба ин видео бештар гардид.

Дар ин мизи гирд ҳамчунин масъалаҳои сӯистифода аз мақоми хидматӣ аз сӯйи бархе аз мақомот ва фишор ба хабарнигорону расонаҳо ва ҳамчунин бештар шудани худмаҳдудсозӣ, ки ба вазъи озодии баён дар кишвар таъсири манфӣ мерасонанд, баррасӣ шуданд.

Ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет ба шакли доимӣ дастрасӣ ба сомонаи Радиои Озодӣ, хабаргузории «Озодагон», ҳамчунин ба шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук ва Ютубро маҳдуд мекунанд. Дар ҳолатҳои ҷудогона Идораи алоқаи Тоҷикистон мегуфт, ки дастрасӣ ба далели фаннӣ маҳдуд шудааст.

XS
SM
MD
LG