Пайвандҳои дастрасӣ

Вакили Лола Каримова- Тиллоева матлаби нашрияи Ню Йорк Таймсро рад кард. Нашрия даъво дорад, ки духтари хурдии президенти Ӯзбекистон дар минтақаи манзилҳои гаронбаҳои Лос-Анҷелеси ИМА чаҳор қасри чандмиллиондолларӣ дорад.

«… қасри дилфиреб бо ҳавзи қуҳо, ҳаммоми туркӣ. Ин қасрро ширкати «шелл»-и марбут ба Ҳадид ба ширкати «шелл»-и марбут ба Лола Каримова-Тиллоева, духтари президент Каримов фурӯхтааст. Ба гуфтаи ду манбаи нашрия, ки дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ИМА кор мекунанд, нисбати хонаводаи Каримовҳо дар чанд кишвар таҳқиқоти коррупсионӣ идома дорад», - менависад нашрияи Ню-Йорк Таймс.

Дар посухи катбӣ ба RFE/RL вакили духтари Каримов тафтиши коррупсионӣ нисбати муштариҳои худро рад кард.

«Дар расонаҳои хабарӣ гуфта шудааст, ки нисбати хоҳари Лола Гулнора Каримова тафтишот идома дорад. Вале нисбати зерҳимояҳои ман ҳеч тафтишоте сурат намегирад», омадааст дар мактуби вакил.

Дар матлаби Ню Йорк Таймс, ки 15 декабр нашр шуд дар бораи доду гирифти машкуки соҳибкори фаластинитабори Лос-Анҷелес Муҳаммад Ҳадид сухан меравад, ки бо кумаки вай Лола Каримова-Тиллоева ва шавҳараш Тимур тобистони соли 2013 қасри Le Palais-ро бо арзиши 58 миллион доллар харида буданд. Ин хабар дар расонаҳои аврупоиву амрикоӣ нашр шуда буд. Аммо ба ҷуз аз ин қаср Ню Йорк Таймс се қасри чандмиллиондолларии дигарро дар ин шаҳр ба духтари президенти Ӯзбекистон нисбат медиҳад.

Вакилони Лола Каримова – Тиллоева ин матлаби нашрияро рӯйирост рад намекунанд, вале мегӯянд, ҳамаи даромадҳои зерҳимояаш қонунист.

XS
SM
MD
LG