Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миср таркиши бомб дар Airbus-ро тайид накард


Мақомоти Миср мегӯянд, ки гузориши пешакӣ дар бораи суқути ҳавопаймои Airbus A-321-и ширкати "Когалимавиа» дар фазои нимҷазираи Синойро таҳия карданд. Вазорати аваиатсияи граждании Миср рӯзи 14 декабр изҳор намуд, ки кумитаи тафтишот то ҳол нишонае аз дахолати беруна ва ҳамлаи террористӣ дар ин ҳавопайморо ошкор накардааст.

Тақрибан як моҳ пеш раиси Хадамоти федеролии амнияти Русия Александр Бортников дар мулоқот бо раисиҷумҳур Владимир Путин изҳор намуд, ки дар Airbus маводи таркандаи баробар ба як кило тротил мунфаҷир шудааст. Дар пораҳои ҳавопаймо нишонаҳое аз маводи таркандаи хориҷӣ ошкор гардид, гуфта буд Александр Бортников.

Ҳавопаймои Airbus A-321-и ширкати "Когалимавиа", ки рӯзи 31 октябр бо 224 мусофиру сарнишин сӯи шаҳри Санкт-Петербург парвоз мекард, баъд аз чанд дақиқаи тарки фурудгоҳи шаҳри фароғатии Шарм-ул-Шайх дар болои нимҷазираи Синой ба замин сарозер шуд.

Русия шурӯъ аз 6 ноябр парвози ҳавопаймоҳояш ба Мисрро манъ кардааст.

Масъулияти суқути ҳавопайморо гурӯҳи «Давлати исломӣ» бар ӯҳда гирифта эълом дошт, ки ин ҳамла интиқом барои амалиёти низомии Русия дар Сурия аст.

XS
SM
MD
LG