Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон ду сокини Панҷакентро раҳо кард


Фирдавс Амонов, бародари Манучеҳр Амонов --яке аз сокинони Панҷакент, ки аз сӯи марзбонони Узбакистон боздошт шуда буд.
Фирдавс Амонов, бародари Манучеҳр Амонов --яке аз сокинони Панҷакент, ки аз сӯи марзбонони Узбакистон боздошт шуда буд.

Мақомоти Узбакистон Манучеҳр Амонов ва Рустам Раҳимов -- ду сокини ҷамоати Хумрии ноҳияи Панҷакентро, ки аз якуним моҳ боз дар он кишвар дар боздошт қарор доштанд, раҳо карданд. Ин ду сокини Панҷакент имрӯз, 10 декабр дар гузаргоҳи Ойбек-Бӯстон ба наздиконашон супурда шуданд.

Фирдавс Амонов, бародари Манучеҳр Амонов рӯзи 10 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, сарҳадбонони Узбакистон субҳи ҳамин рӯз бародараш Манучеҳр ва Рустам Раҳимовро аз гузаргоҳи Ойбек-Бӯстон воқеъ ноҳияи Мастчоҳ озод карданд ва ҳоло онҳо ба самти Панҷакент ҳаракат доранд. Вай гуфт, ки вазъи саломатии бародараш Манучеҳр ва Рустам чандон хуб нест ва онҳо ҳоло сабабашро ба вай нагуфтаанд. Ба гуфтаи Фирдавс Амонов, мақомоти Узбакистон ҳардуро барои як сол депортатсия кардаанд ва тайи ин муддат онҳо наметавонанд вориди қаламрави он кишвар шаванд.

Ин ду ҷавон рӯзи 21-уми октябр ҳангоми моҳидорӣ аз сӯи марзбонони узбак боздошт ва ба убури ғайриқонунии сарҳади Узбакистон айбдор шуданд. Аммо наздикони Манучеҳру Рустам мегӯянд, ки онҳо нодониста аз марз гузаштаанд, чунки марзи Тоҷикистону Узбакистон дар он минтақае, ки онҳо моҳидорӣ мекарданд, ягон нишона надорад.​

XS
SM
MD
LG