Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистонро дар бораи зукоми хукӣ дар Эрон огаҳ накардаанд


Масъулони Маркази беҳдоштӣ ва вогиршиносии Тоҷикистон мегӯянд, Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт то ҳол ин кишварро дар бораи хуруҷи бемории зукоми хукӣ дар Эрон ва андешидани тадобир дар ин замина огоҳ накардааст. Масъулони ин марказ рӯзи панҷшанбеи 10 декабр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки “ҳарчанд расонаҳо дар мавриди хуруҷи бемории зукоми хукӣ ва ҳодисаҳои фавти одамон дар Эрон хабар додаанд, аммо то ҳол Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт кишвари моро дар ин робита огоҳ накардааст, то ҷиҳати ҷилавгирӣ аз шеваи сирояти ин беморӣ иқдомоте рӯи даст гирифта шавад”.

Зеро ба гуфтаи ин масъулон, тибқи муқаррарот, дар сурати хуруҷи бемориҳои сироятии хатарбор, назири зукоми хукӣ, Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт муваззаф аст, ки кишварҳои узви ин созмонро огоҳ кунад. Аммо бо ин ҳам масъулони Маркази беҳдоштӣ ва вогиршиносии Тоҷикистон гуфтанд, ки дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе таҷҳизоти махсуси карантинӣ барои ошкор кардани бемориҳои сироятӣ фаъол аст ва имкони ҷилавгирӣ аз ҳар гуна бемории сиротӣ, аз ҷумла зукоми хукӣ ба Тоҷикистонро дорад. Ин ҳам дар ҳоле, ки тибқи иттилои расонаҳои эронӣ, бар асари хуруҷи бемории хукӣ дар бархе аз музофотҳои Эрон ба мушоҳида расида ва ҳамакнун дасти кам 36 нафар фавтидаанд. Зимнан, Эрон бо Тоҷикистон иртиботӣ ҳавоӣ дорад, ки ҳафтае се маротиба парвозҳо миёни Душанбе ва Теҳрон сурат мегирад.

XS
SM
MD
LG