Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси комиссияи ҳукуматӣ дар пайи заминларза


Барои рафъи паёмадҳои заминларза дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон комиссияи ҳукуматӣ таъсис шудааст. Раёсати ин комиссияро Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон ба ӯҳда дошта ва ба ҳайати он вазирони нақлиёт, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, раиси Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва масъулони дигар вазорату идораҳо шомил шудаанд.

Тибқи иттилои пешакӣ, бар асари заминларзаи рӯзи 7 декабри соли ҷорӣ 1 нафар кушта, даҳҳо тан захмӣ ва беш аз 500 манзил хароб шудааст. Бештари хисорот ба водии Бартанги ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон ворид гардидааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба комиссияи ҳукуматӣ ва раиси вилояти Бадахшон дастур додааст, то ҳарчӣ зудтар аҳолии бесарпаноҳро бо маҳалли муваққатии зист, либос ва маводи ғизоӣ таъмин карда ва дар рафъи авоқиби офти табиӣ тадобири зарурӣ андешанд.

XS
SM
MD
LG