Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Озарбойҷон рӯзи мотами миллӣ эълон шуд


Мақомоти Озарбойҷон рӯзи 6 декабр дар бораи ошкор кардани ҷасади нафари дуввуми бар асари сӯхтор дар платфорамаи нафтии чоҳи “Гюнешли” дар баҳри Хазар ҷонбохта хабар доданд. Бо вуҷуди вазъи номусоиди ҳаво ҷустуҷӯи 29 нафари бар асари ин ҳодиса ғайбзада идома дорад.

Илҳом Алиев, раисиҷумҳури Озарбойҷон, ба хотири қурбониёни сӯхтор дар “Гюнешли” дар кишвар рӯзи мотами миллӣ эълон кард.

Сӯхтор дар платформаи нафтӣ шоми рӯзи ҷумъа, 4 декабр ба вуқӯъ пайваст. Ширкати давлатии нафти Озарбойҷон SOCAR изҳор намуд, ки наҷотбахшон 33 коргари платформаи нафтиро ба ҷойи амн интиқол доданд.

Раиси кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи кормандони нафти Озарбойҷон Мирварӣ Қаҳрамонлӣ рӯзи шанбе хабар дод, ки дар сӯхтор дар “Гюнешли” 32 нафар ба ҳалокат расида, 42 кас наҷот ёфтааст. Аммо ширкати SOCAR ин хараро ҳанӯз таъйид накардааст.

Барои тафтиши ҳодиса комиссиюни вижа таъсис шуд, ки ба он муивини раиси SOCAR Раҳмон Қурбонов раҳбарӣ мекунад.

Раисиҷумҳури Озарбойҷон ҳамчунин барои тезонидани корҳои наҷотбахшӣ ва тафтиши сабабҳову рафъи паёмадҳои ин ҳодиса комиссиюни давлатӣ ташкил кард. Раҳбарии ин комиссюн бар дӯши нахуствазири Озарбойҷон Артур Расизода аст.

XS
SM
MD
LG