Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: Туркия аз кардааш пушаймон хоҳад шуд


Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия дар паёми солонаи давлатии худ ба мардуми кишвараш гуфт, ки Русия кори Туркияро дар сарнагунии ҳавопаймои низомии русӣ фаромӯш нахоҳад кард.

Вай гуфт, ки Туркия аз кардааш пушаймон хоҳад шуд ва ҷавоб ба ин кор бо таҳримҳои иқтисодӣ маҳдуд нахоҳад буд ва илова кард, ки Маскав бо Анкара машғули “таҳдиди ҷанг” нахоҳад шуд.

Русия аз ҳоло воридоти баъзе маводи ғизоии Туркияро мамнуъ ва Раҷаб Тайип Эрдуғон-раиси ҷумҳури Туркияро муттаҳам кардааст, ки хонаводаи вай аз қочоқи нафт аз қаламраври зери контроли тундравҳои Давлати Исломӣ дар Сурияву Ироқ суд мебарад. Туркия ин иддаоро қабул надорад.

Путин даъват кард, ки “як ҷабҳаи муштараки зиддитеррористӣ ташкил шавад, ки бар асоси қонунҳои байналмиллалӣ ва зери назари СММ” фаъолият кунад.

Путин ҳамчунин гуфт, ки рушди заифи иқтисод ба зиндагии бисёре аз мардуми оддии Русия таъсир расондааст.

XS
SM
MD
LG