Пайвандҳои дастрасӣ

Талоши Остона барои қатъи таҳсил дар се баст


Вазири маориф ва илми Қазоқистон Аслан Саринҷипов рӯзи 23 ноябр дар ҷаласаи телефонии ҳукумати ин кишвар гуфт, ки барои ҳалли мушкили мактабҳои миёна, ки дар онҳо таълим ба се баст роҳандозӣ шудааст, 40 миллиард танга (қариб 130 миллион доллар) зарур аст.

Ба гуфтаи вазир, барои ҳалли мушкили "мактабҳои себаста" дар вилоятҳои Алмаато ва Қазоқистони Ҷанубӣ бояд 40 мактаби нав сохта шаванд. Саринҷипов хабар дод, ки ҳоло дар бархе аз минтақаҳои кишвараш кӯдакон дар биноҳои номуносибе таҳсил мекунанд, ки дар ҳоли фурӯрезиянд.

- Мо ду мушкил дорем. Нахуст бояд мушкили таҳсили себастаро ҳал кард. Дуввум ин вазъи демографӣ аст. Соли ҷорӣ 340 ҳазор кӯдакон барои таҳсил ба синфи аввал рафтанд. Дар соли ҷорӣ 400 ҳазор кӯдак таваллуд шудаанд. Яъне, теъдоди кӯдакон афзоиш меёбад. Барои ҳалли мушкили камбуди ҷойи таҳсил дар мактабҳо моро зарур аст ҳамасола 10-15 мактаби нав созем, - гуфт вазир.

Ба иттилои вазорати маориф ва илми Қазоқистон, дар мактабҳои ин кишвар беш аз ду миллиону 700 ҳазор нафар таҳсил мекунанд.

XS
SM
MD
LG