Пайвандҳои дастрасӣ

Парлумон унвони "пешвои миллат"-и Э.Раҳмонро расмӣ мекунад


Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон

Як гурӯҳ аз вакилони Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон тарҳи қонун дар бораи додани унвони расмии "пешвои миллат" ба раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро таҳия кардаанд.

Гурӯҳе аз вакилони Маҷлиси Намояндагон тарҳи қонун "Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - пешвои миллат"-ро таҳия кардаанд. Ин қонун дар сурати тасвиб шуданаш унвони "пешвои миллат" ба раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро қонунӣ мекунад.​

Муҳаммадато Султонов, сухангӯи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, 23 ноябр ба Озодӣ гуфт, ки ин тарҳ дар Шӯрои Маҷлиси Намояндагон баҳс шуда, барои баррасии бештар ба кумитаҳои парлумон ирсол шудааст.

Ибораи "пешвои миллат"-ро дар паҳлӯи исми президенти Тоҷикистон барои аввалин бор рӯзи 27 октябри соли ҷорӣ дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ ва ба дунбол телевизионҳои давлатӣ расман истифода карданд. Чун то кунун дар қонунгузории Тоҷикистон мафҳуме чун "пешвои миллат" вуҷуд надорад, баъзе аз соҳибназарон ин гуна ном бурдани президентро хилофи мафҳуми демократия меноманд.

Бибидавлат Авзалова

Бибидавлат Авзалова

Бибидавлат Авзалова, намояндаи ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон дар парлумон гуфт, дар таҳияи ин тарҳи қонун на фақат онҳо, балки намояндагони ҳизбҳои демократ ва коммунисту сотсиалист низ саҳм гузоштаанд. Ӯ гуфт, "ин фикр, ки гӯё фақат намояндагони як ҳизб тарҳи қонунро таҳия карда бошанд, дуруст нест. Аксарият дар таҳияи он саҳм доранд, аз ҷумла баъзе аз вакилоне, ки узви ягон ҳизб нестанд."​

Иброҳим Абдуллозода, вакили дигари Маҷлиси Намояндагон ва узви ҳизби коммунист гуфт, онҳо низ бо пешниҳоди қонунӣ кардани унвони "пешвои миллат" барои Эмомалӣ Раҳмон мувофиқанд.

Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, низ қаблан дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ истифодаи ин ибораи тавсифиро “талаботи равонии мардум” дониста буд. Ӯ гуфт, ин ибораро ба раисиҷумҳур халқ пешниҳод кардааст ва он як навъ баёни муҳаббати онҳо ба президентест, ки беш аз бист сол раҳбарӣ дорад ва хатми ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон низ ба номи ӯ сабт шудааст.

Ин баҳсу баррасӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар Қазоқистон истифодаи унвони "Пешвои миллат" (Элбаси) дар мавриди президенти он кишвар Нурсултон Назарбоев аз ҷониби парлумон расман тасдиқ шудааст.

Пешниҳоди додани унвони расмии “пешвои миллат” ба Эмомалӣ Раҳмон моҳи апрели соли ҷорӣ аз сӯи Носир Салимӣ, раҳбари Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ва Холмаҳмад Самеъ, декани факултаи равобити байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сурат гирифта буд.

Иброҳим Абдуллозода

Иброҳим Абдуллозода

Он замон муаллифони матлаб барои тақвияти пешниҳоди худ гуфтанд, ки бо эътирофи раиси ҷумҳур ҳамчун пешвои миллат на танҳо корномаи ӯ қадршиносӣ мешавад, балки ин симо омили ваҳдат ва пешрафти кишвар хоҳад буд. Онҳо мегӯянд, пешвоёне чун Эмомалӣ Раҳмон зарурат ба чунин эътирофро надоранд, аммо "миллатҳо, кишварҳо дар шароити бархӯрди шадиди тамаддунҳо, манфиатҳо, ҷаҳонишавӣ зарурат ба пешвоёни расман эътирофгашта доранд."

Тарафдорони ин пешниҳод бо нашри матолиб дар саҳифаи нашрияҳои давлатии Тоҷикистон додани унвони "пешвои миллат" ба Эмомалӣ Раҳмонро зарур донистанд. Аммо Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва ояндагирии илмӣ дар назди Академияи илмҳои Тоҷикистон аз ин пешниҳод дафъатан интиқод кард ва гуфт, “пешво одатан дар низомҳои қабилавӣ, шоҳигарӣ ва теократӣ мешавад, на дар ҷомеаи демократӣ.”

Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1992 боз зимоми қудратро дар даст дорад, бар асоси Қонуни асосии Тоҷикистони демократӣ ва ҳуқуқбунёд, “президент” ё “раиси ҷумҳур” номида мешавад. Аммо дар маҳофил ва ҷаласаву дидорҳояш бо мардум бештар ӯро бо унвонҳои "Ҷаноби олӣ" ва гоҳе дигар "сарвари давлат" ва ё "падари миллат" низ хитоб мекунанд.

Аз бойгонӣ: Баҳси додани унвони "пешвои миллат" ба раисиҷумҳур

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG