Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев: Касе нест, ки маро иваз кунад


Нурсултон Назарбоев
Нурсултон Назарбоев

Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев гуфт, то ҳол ягон нафареро, ки ӯро дар ин мақом иваз карда битавонад, пайдо накардааст.

Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев рӯзи 18 ноябр дар ҷаласаи густардаи ҳукуматаш дар Остона гуфт, қонуни ходимони давлатиро барои баррасии дубора ба парлумон баргардондааст. Ин қонун, ки рӯзи 22 октябр қабул шуд, дар як мақоми давлатӣ кор кардани мансабдоронро бо давраҳои мушаххас маҳдуд мекард ва аз тариқи санҷишу имтиҳон ва озмун интихоб ва таъин кардани мансабдорон дар тамоми зинаҳои идораи давлатро ҳатмӣ мекард.

Аммо Назарбоев гуфт, дар ин қонун бояд масъалаи ба нафақа фиристодани мансабдорони солманд рӯшантар баён шавад.

Нурсултон Назарбоев гуфт, ҳар мутахассиси давлатӣ бояд барои худ ворис тайёр кунад. «Ин ба ҳамаи мо дахл дорад,» - гуфт раҳбари 77-солаи Қазоқистон, вале афзуд, ки худи ӯ то ҳол нафареро, ки битавонад ӯро дар мақоми аввали раҳбарӣ иваз кунад, пайдо накардааст.

Назарбоев гуфт: «Вақте ворис меҷӯӣ, мебинӣ, ки ҳамаҷо тагурӯ карда шудааст. Касе нест, фақат ман. Шумо каси дигаре барои интихоб надоред, фақат ман истодаам дар байн, барои ҳамин бояд ба ман такя кунед.»

Назарбоев ба дунбол бо лаҳни шӯхиомез гуфт, «раҳбари баъдӣ боз ҳам бадтар хоҳад шуд.»

Аммо ӯ ҳамзамон хостори иваз кардани раҳбароне шуд, ки ба ақидаи Назарбоев, аз ӯҳдаи кор намебароянд: «Агар ӯ (раҳбар) меоядбу масъалаеро мегузорад, вале намегӯяд, ки чанд роҳи ҳалли ин масъала вуҷуд дорад, ӯ ба сари худ як мушкил аст ва бояд аз чунин одамон халос шуд. Одамони таълимдида ва ҷавон ҳастанд, вале онҳоро касе ба ягон ҷо роҳ намедиҳад.»

Назарбоев: Тол ҳол ворис наёфтаам
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:16 0:00

Нурсултон Назарбоев ҳанӯз дар моҳи июни соли 1989 ба мақоми раҳбари аввали Қазоқистон расида буд ва инак, 26 сол боз бар ин кишвар саршор аз манобеи нафту газ ва маъданҳои табиии Осиёи Марказӣ раҳбарӣ мекунад. Ӯ дар ин муддат чанд дафъа аз тариқи раъйпурсиҳову тағйири Қонуни асосӣ ва интихоботҳои навбанав замони раёсаташро тамдид кард.

Назарбоев бори охир дар моҳи апрели соли равон бо касби, бино ба натиҷаҳои расмӣ, 97,75 дарсади овозҳо барои бори панҷум ва барои 5 соли дигар раисиҷумҳури Қазоқистон интихоб шуд. Аммо мунтақидон мегӯянд, Назарбоев маъмулан дар интихоботҳои бидуни рақобат ва таҳти назорати мақомоти давлатӣ, ки ҳеҷ кадомаш то ҳол аз сӯи нозироони байналмилалӣ озоду демократӣ эътироф нашудаанд, баранда мешавад ва рақибони билқувваро дар муқобили вай ба интихоботҳо роҳ намедиҳанд.

Назарбоев, ки ки қонунан мақоми "Элбаси" ("Пешвои миллат")-ро ба худ ихтисос додааст, дар ҳоли ҳозир, аз нигоҳи собиқаи раҳбарӣ дар байни ҳокимони кишварҳои пасошӯравӣ ҳамроҳ бо раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов дар ҷои аввал меистад. Аммо ба фарқ аз Каримов ва ҳокимони дигари Осиёи Марказӣ, Назарбоевро ҳокими худкомаи «модерн» ва «нисбатан мулоим» баҳо медиҳанд.

Мушкили ҳокимони дарозумр хоси ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба истиснои Қирғизистон аст. Ислом Каримов ва Нурсултон Назарбоев ҳарду соли 1989 ба қудрат расиданд. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз соли 1992 ба ин кишвар раҳбарӣ мекунад. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон соли 2007, танҳо баъди даргузашти раҳбари пешинаш Сафармурод Ниёзов ва он ҳам дар пайи 22 соли раҳбарӣ ба қудрат дар ин кишвари газу нафтхези Осиёи Марказӣ расид.

Раҳбарони аксаран дарозумри Шӯравии собиқ
Раҳбарони аксаран дарозумри Шӯравии собиқ

Дар ҳамаи ин кишварҳо барои тавҷеҳи замони раёсати раҳбари аввал ҳаминро далел меоранд, ки касе наметавонад ӯро иваз кунад ва агар ӯ биравад, ҳама чиз - аз суботу амният то пешрафти иқтисод - ба ҳам мезанад. Вале мунтақидон мегӯянд, ҳокимони дарозумр баракс як мониаи умда дар роҳи пешрафти минтақаи Осиёи Марказӣ дар ҷодаи ислоҳоти демократӣ шудаанд.

Масъалаи интихоби ворис ва он ҳам аз забони худи Назарбоев ва дар ҷаласаи ҳукумат дар ҳоле садо дод, ки Қазоқистони газу нафтхез ба далели башиддат пойин рафтани нархи ин ду навъи умдаи маводи сӯхт дар бозори ҷаҳонӣ бо мушкилоти ҷиддии иқтисодиву молӣ дастбагиребон шудааст. Уфти қурби танга – пули миллии Қазоқистон – ба мушкилоти иқтисодии ин кишвари қаблан аз нигоҳи иқтисодӣ дастдарози Осиёи Марказӣ афзудааст.

Назарбоев дар ҷаласаи ҳукумат дар бораи роҳҳои рафъи оқибатҳои бӯҳрони иқтисодӣ низ зиёд сӯҳбат кард ва гуфт, Қазоқистон бояд зистан дар шароити воқеияти нави иқтисодиро, ки нархи нафту газ ба замин задааст, ёд бигирад. Ӯ гуфт, аз қисмати хароҷоти тарҳи будҷаи Қазоқистон барои солҳои 2016-2018 алакай 1,5 триллион танга, муодили қариб 5 миллиард долларро хат задаанд. Ӯ гуфт, «дар сурати зарурат, дар бораи сарфаи боз ҳам бештари маблағҳо фикр кард.» Назарбоев аз ҷумла хостори боз ҳам коҳиш додани харҷи намоишгоҳи байналмилалии «Экспо-2017» дар Остона шуд ва гуфт, пули давлат бояд барои барномаҳои муҳим ва «бидуни рақсу бозиву фейерверк» сарф шавад.

XS
SM
MD
LG