Пайвандҳои дастрасӣ

Эмомалӣ Раҳмон - "Ҷаноби олӣ" ё "Пешвои миллат"? Ё ҳарду...


Дар рӯйхати унвонҳои ифтихории Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1992 боз зимоми қудратро дар Тоҷикистон дар даст дорад, ибораи “пешвои миллат” зам шуд.

Дар феҳристи унвонҳои раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1992 боз раҳбарии Тоҷикистонро ба дӯш дорад, ибораи “пешвои миллат” илова шуд.

Ин ибораро дар паҳлӯи исми президент барои аввалин бор рӯзи 27 октябр дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ ва ба дунбол телевизионҳои давлатӣ расман истифода карданд ва зоҳиран ба баҳси давомдори ин ки Эмомалӣ Раҳмонро “пешвои миллат” бигӯем ё не, нуқта гузоштанд.

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик.

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик.

Дар қонунгузории Тоҷикистон мафҳуме чун "пешвои миллат" вуҷуд надорад ва баъзе аз соҳибназарон низ ин гуна ном бурдани президентро хилофи мафҳуми демократия номиданд. Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ҳарчанд истифодаи расмии ибораи “пешвои миллат” дар баробари президенти як кишвари озоду ҳуқуқбунёд намунаи шахспарастист ва аз рукнҳои ҷомеаи демократӣ нест, вале бовар дорад, "ин рафтор хоси мардуми Шарқ аст ва Тоҷикистон низ истисно нест".

Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ истифодаи ин ибораи тавсифиро “талаботи равонии мардум” донист. Ӯ гуфт, ин ибораро ба раиси ҷумҳур халқ пешниҳод кардааст ва он як навъ баёни муҳаббати онҳо ба президентест, ки беш аз бист сол раҳбарӣ дорад ва хатми ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон низ ба номи ӯ сабт шудааст.

Сайфулло Сафаров

Сайфулло Сафаров

Ба гуфтаи Сайфулло Сафаров, “дар давлатҳои ғарбӣ аз он хотир ин ибораро истифода намебаранд, ки онҳо ҳамагӣ 4 ва ё 8 сол ҳукмронӣ мекунанд. Лекин вақте ягон ҳолати таърихӣ мешавад, масалан, мисли ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки дар он як қаҳрамонии вижа ва ё хислатҳои пешвоёна лозим аст ва президенти Тоҷикистон чунин хислатҳоро дошт, аз ин хотир мардум истифодаи ин ибораро нисбат ба президент муносиб донистанд.”

Ин баҳсу баррасӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар Қазоқистон истифодаи унвони “пешвои миллат” (Элбаси) дар баробари президенти он кишвар Нурсултон Назарбоев аз ҷониби парлумон расман тасдиқ шудааст. Вакилони парлумони Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳанӯз дар бораи расмӣ кардани унвони “пешвои миллат” дархост нагирифтаанд. Саидҷаъфар Исмонов, вакили Маҷлиси Намояндагон аз Ҳизби демократи Тоҷикистон мегӯяд, ҳатто ин масъала ягон бор мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст.

Саидҷаъфар Исмонов, вакили МН ва раиси ҲДТ.

Саидҷаъфар Исмонов, вакили МН ва раиси ҲДТ.

Пешниҳоди додани унвони расмии “пешвои миллат” ба Эмомалӣ Раҳмон моҳи апрели соли ҷорӣ аз сӯи Носир Салимӣ, раҳбари Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ва Холмаҳмад Самеъ, декани факултаи равобити байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сурат гирифта буд.

Он замон муаллифони матлаб барои тақвияти пешниҳоди худ гуфтанд, ки бо эътирофи раиси ҷумҳур ҳамчун пешвои миллат на танҳо корномаи ӯ қадршиносӣ мешавад, балки ин симо омили ваҳдат ва пешрафти кишвар хоҳад буд. Онҳо мегӯянд, пешвоёне чун Эмомалӣ Раҳмон зарурат ба чунин эътирофро надоранд, аммо "миллатҳо, кишварҳо дар шароити бархӯрди шадиди тамаддунҳо, манфиатҳо, ҷаҳонишавӣ зарурат ба пешвоёни расман эътирофгашта доранд."

Тарафдорони ин пешниҳод бо нашри матолиб дар саҳифаи нашрияҳои давлатии Тоҷикистон додани унвони "Пешвои миллат" ба Эмомалӣ Раҳмонро зарур донистанд. Аммо Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва ояндагирии илмӣ дар назди Академияи илмҳои Тоҷикистон аз ин пешниҳод дафъатан интиқод кард ва гуфт, “пешво одатан дар низомҳои қабилавӣ, шоҳигарӣ ва теократӣ мешавад, на дар ҷомеаи демократӣ.”

Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1992 боз зимоми қудратро дар даст дорад, бар асоси Қонуни асосии Тоҷикистони демократӣ ва ҳуқуқбунёд, “президент” ё “раиси ҷумҳур” номида мешавад. Аммо дар маҳофил ва ҷаласаву дидорҳояш бо мардум бештар ӯро бо унвонҳои "Ҷаноби олӣ" ва гоҳе дигар "сарвари давлат" ва ё "падари миллат" низ хитоб мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG