Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мансабдори қирғиз корманди худро паронд


Эмил Тарихчиев, раҳбари раёсати Идораи давлатии сабти ном дар ноҳияи Бозор-Қурғони Қирғизистон барои тирпарронӣ ба сари зертобеи худ муваққатан аз вазифа барканор шудааст. Дар ин бора ба Радиои Азаттик сухангӯйи ИДСН Мелис Эржигитов хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, барои баррасии ҷузъиёти ин қазия комиссияи идорӣ ташкил шудааст, ки ба вилояти Ҷалолобод сафар кардааст. Баъд аз натиҷагирии ин комиссия дар нисбати Тарихчиев тасмими ниҳоӣ гирифта мешавад.

Пештар гузориш шуда буд, ки миёни раҳбари раёсати ИДСН ва корманди ин идора даргирие сурат гирифтааст, ки дар пайи он Тарихчиев аз аслиҳаи дардрасон чанд тир ба сӯйи зертобеи худ задааст.

Дар милитсия хабар доданд, ки ин ҳодиса 13 ноябр рух додааст. Ин ҳодисаро додситонӣ таҳқиқ мекунад. Ҷабрдида ҳоло дар бемористон бистарист

XS
SM
MD
LG