Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии ҳизби Аун Су Чжи дар интихоботи Мянмар


Аун Сан Су Чжи
Аун Сан Су Чжи

Дар интихоботи парлумонии Мянмар ҳизби мухолифи Лигаи миллӣ барои демократия, ки ба он Аун Сан Су Чжи раҳбарӣ мекунанд, тақрибан 70 дар сади раъйҳоро ба даст овардааст. Дар ин бора рӯзи 9 ноябр намояндаи ин ҳизб Вин Тхеин хабар дод.

Сарпарасти ҳизби ҳукмрони Ҳамраъйӣ ва рушд У Хтай Оо шикасти ҳизбаш дар интихоботи рӯзи якшанбе, 8 ноябрро эътироф кард.

Пирӯзии Лигаи миллӣ барои демократияро ҳанӯз комиссиюни интихоботии Мянмар расман тасдиқ накардааст. Ҳанӯз маълум нест, ки ин ҳизб барои назорат аз болои ҳама ниҳодҳои иҷроияи кишвар мандатҳои заруриро дарёфт намудааст ё на. Бар пояи Қонуни асосии Мянмар, 25 дар сади курсиҳои парлумонро намояндагони нерӯҳои мусаллаҳи кишвар ишғол мекунанд.

Қарор аст, ки натиҷаҳои расмии раъйдиҳӣ дар нимаи дуввуми рӯзи душанбе эълон шаванд.Натиҷаҳои ниҳоии интихобот рӯзи 10 ноябр нашр хоҳанд шуд.

Интихоботи парлумонии ахири Мянмар – нуктаи чархиш дар роҳи кишвар аз диктатураи низомӣ ба сӯи демократия маҳсуб мешавад.

Аун Сан Су Чжи, раҳбари ҳизби Лигаи миллӣ барои демократия, тақрибан 15 сол дар ҳабси хонагӣ қарор дошт. Ӯ барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел аст.

XS
SM
MD
LG