Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 50 толиб дар ҷангҳои байниҳамдигарӣ


Мулло Муҳаммад Расул
Мулло Муҳаммад Расул

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки гурӯҳҳои бо ҳам мухолифи ҷунбиши “Толибон” рӯзҳои ахир чандин бор бо ҳам даргир шуданд ва дар натиҷа тақрибан 50 нафарашон ба ҳалокат расиданд.

Мӯҳманд Ностраёр, раиси волусволии Аргандоби вилояти Зобул рӯзи 9 ноябр гуфт, ки мусаллаҳони гурӯҳи таҳти фармони Мулло Муҳаммад Расул бо гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҳамроҳ шудаанд ва ин боиси хашми толибони дигар шудааст.

Мулло Муҳаммад Расул, ки ҳафтаи гузашта аз сӯи бархе фармондеҳон раҳбари “Толибон” эълон шуд, аз пуштибонии Мулло Ахтар Мансур, ки пас аз эълони даргузашти раҳбари пешини ҷунбиш Мулло Муҳаммад Умар раҳбари “Толибон” таъин гардид, сарпечӣ карда буд.

Як фармондеҳи гурӯҳи Мулло Ахтар Мансур ба хабаргузории Ассошиэйтед Пресс гуфт, Расул ба он хотир бо “Давлати исломӣ” пайваст, ки ба қадри кофӣ ҷангӣ надорад.

Мулло Муҳаммад Расул дар як ҳамоиш дар вилояти Ҳирот рӯзи 7 ноябр гуфта буд, ки мусаллаҳони гурӯҳи “Давлати исломӣ” бародаранд ва аммо ӯ ба вурудашон ба қаламрави Афғонистон иҷоза намедиҳад.

XS
SM
MD
LG