Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳавопаймои суқуткарда қобили парвоз набудааст


Ширкати Антонови Украина гуфт, ҳавопаймои АН-12, ки дар Судони Ҷанубӣ суқут кард, ҳанӯз соли 1971 сохта шуда, дигар қобили парвоз набуд ва аз санҷишҳои лозими фаннӣ низ нагузашта буд. Ин ҳавопаймои борбар, ки ба ширкати тоҷикистонии Asia Airways марбут аст, рӯзи 4 ноябр дар фурудгоҳи Ҷуба, пойтахти он кишвари африқоӣ суқут кард. Бар асари рӯи як шаҳраки моҳигирон афтодани ҳавопаймо дастикам 36 нафар ҳалок шуданд. Мудири Asia Airways Нарзиқул Ҳамроев гуфт, ҳамаи 6 узви экипажи ҳавопаймо – 5 шаҳрванди Арманистон ва як шаҳрванди Русия – ҷон бохтаанд.

XS
SM
MD
LG