Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рафсанҷонӣ дар бораи солҳои аввали барномаи ҳастаии Эрон


Алиакбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ

Алиакбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ

Алиакбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, раисиҷумҳури собиқи Эрон гуфт, Эрон дар оғози барномаҳои ҳастаияш дар солҳои 80, дар даврони ҷанги Эрону Ироқ рӯи бахши таслиҳотии ин барнома ҳам фикр мекард. Вале Рафсанҷонӣ, ки аз соли 1989 то 1997 раисиҷумҳури Эрон буд, дар мусоҳиба бо маҷаллаи эронии “Умеди ҳастаӣ” исрор варзида, ки ин танҳо дар фикрҳо буд ва ҳеҷ гоҳ ҷомаи амал напӯшидааст: “Вақте мо сар кардем, мо дар ҳоли ҷанг қарор доштем ва рӯи эҳтимоли рӯзе, ки душман метавонад аз силоҳи ҳастаӣ истифода кунад, фикр мекардем. Аммо ин танҳо фикр буд ва ҳеҷ гоҳ амалё нашудааст.” Эрон дар моҳи июл бо қудратҳои ҷаҳонӣ муомилае баст, ки ҳадафаш таскини хотири Ғарб дар бораи табиати барномаҳои ҳастаии Эрон аст. Дар Ғарб бар ин назаранд, ки ҳадафи Эрон аз таъқиби барномаи ҳастаӣ даст ёфтан ба сохтани силоҳҳои ҳастаист. Эрон инро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG