Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон дар музокироти Сурия ширкат мекунад


Ҷавод Зариф

Ҷавод Зариф

Вазири хориҷаи Эрон Ҷавод Зариф дар нишасти байналмилалӣ доир ба Сурия дар Вена ширкат мекунад. Хабаргузории ИСНО гуфт, Ҷавод Зариф дар нишасти Вена, ки рӯзи 29 октябр бо ширкати Амрико, Русия, Арабистони Саудӣ ва Туркия оғоз ёфта, сипас Эрон, Миср, Лубнон ва кишварҳои дигарро низ фаро хоҳад гирифт, ширкат мпеварзад. Вузарои хориҷаи Эрону Русия Ҷавод Зариф ва Сергей Лавров рӯзи 28 октябр дар як тамоси телефонӣ бӯҳрони Сурия ва нақшаи ширкат дар музокироти Венаро баррасӣ кардаанд. Амрико рӯзи 27 октябр гуфт, Эрон бояд ба нишасти Вена даъват шавад, зеро “барои мо муҳим аст, ки шарикони калидӣ дар ин баҳсҳо бошанд.” Ҷон Кирби, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико гуфт, Эрон ҳам метавонад чунин шарик бошад, “вале онҳо ҳанӯз нестанд.” Сухангӯи нирӯҳое, ки алайҳи президенти Сурия Башор Асад меҷанганд, гуфт, ширкати Эрон дар музокироти Вене метавонад расидан ба ҳалли сиёсии бӯҳрони Сурияро мушкилтар кунад. Ҳишом Марво, ноиби раиси эътилофи миллии Сурия ба телевизиони Ал-Арабия гуфт, “ҳузури Эрон музокироти Венаро печидатар мекунад, чунки онҳо бо тарҳи ҳифзи Асад хоҳанд омад.”

XS
SM
MD
LG