Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътои ҷоизаи “Сухан” ба Мастона Эргашеваю Аловиддин Абдуллоев


Мастона Эргашева ва Аловиддин Абдуллоев, ду ҳунарманди мардумии Тоҷикистон дар маросиме дар мафҳилгоҳи “Боргоҳи Сухан” соҳиби ҷоизаи “Сухан” гардиданд.

Ин ҳунармандон ба хотири беолоиш нигоҳ доштан ва равнақ бахшидани забони ноби тоҷикӣ тавассути ҳунару намоишҳои хеш ба ин ҷоиза сазовор гаштаанд.

Бурӣ Каримов, бунёдгузор ва роҳбари шӯрои “Боргоҳи Сухан” ин ду ҳунарманди номии тоҷикро ба ин ҷоиза арзанда хонд ва гуфт: “Мастона Эргашева ҳанӯз аз даврони Шӯравӣ маҳбубияти баланд доштанд ва тавассути суруду ҳунар тавонистанд, ки барои эҳёи забони модарӣ саҳм гузоштаанд. Аловиддин Абдуллев низ имрӯз бо саҳначаҳои ҷолиби театриву телевизионӣ лаҳҷаву шеваҳои нодири тоҷикиро муаррифӣ месозад”.

Ҳамзамон, ба ин ду нафар дар канори ҷоизаи “Сухан” ва кумаки молӣ дар ҳаҷми 1000 доллари ИМА супорида шуд.

XS
SM
MD
LG