Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иқтисоди Қирғизистон 4,3% рушд кардаст


Ҳифзи тамоюли нисбии рушди иқтисодӣ натиҷаи аслии ҷамъбасти моҳҳои январ-феврали соли 2015 дар Қирғизистон будааст. Дар ин бора дар Вазорати иқтисоди кишвар хабар доданд. Тибқи маълумотҳои аввалияи Кумитаи миллии омори Қирғизистон, рушди иқтисодӣ дар кишвар бино бар натиҷаҳои моҳҳои январ-феврали соли 2015 6,3%-ро ташкил дода, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 292,9 миллиард сом шудааст. Тавре зикр шудааст, бе назардошти корхонаи коркарди тиллои кони "Кумтор", суръати рушди воқеии ММД 4,3%-ро ташкил кардааст.

XS
SM
MD
LG