Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: Русия ба Сурия ҳанӯз нирӯ фиристоданӣ нест


Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, Маскав “ҳанӯз” нақшаи истиқрори нирӯҳои ҷангиаш дар Сурияро надорад, вале аз ҳукумати Сурия пуштибонӣ хоҳад кард. Раҳбари Русия дар мусоҳиба бо телевизиони амрикоии CBS, ки рӯзи 27 сентябр дар арафаи мулоқоти ӯ бо ҳамтои амрикоияш Барак Обама нашр шуд, ҳамчунин Амрикоро барои ҳимояташ аз чирикиҳои Сурия танқид кард в агуфт, ин кумакҳо нафақат ғайриқонунӣ, балки беасар ҳам ҳаст. Путин ва Обама, қарор аст, дар ҳошияи иҷлосияи 70-уми Маҷмаи умумии СММ мулоқот кунанд. Тақвияти ҳузури низомии Русия дар Сурия мояи нигаронии Вошингтон шудааст. Путин ва мақомоти дигари Русия мегӯянд, Русия артиши президенти Сурия Башор Асадро ба хотири набард бо гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” таъмин ва тамрин мекунанд.

XS
SM
MD
LG