Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аёдати вазири умури дохила аз сарбозону афсарони захмӣ


Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон кормандони ниҳодҳои интизомиро, ки дар ҷараёни амалиёти ҷангӣ алайҳи гурӯҳи генерал Абдуҳалим Назарзода захмӣ шуда буданд, аёдат кардааст. Бино ба иттилои вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода дар Маркази миллии тиббии мавсум ба “Қарияи Боло”-и шаҳри Душанбе бо вазъи саломатии кормандони Дастаи таъиноти махсуси ин вазорат ва шӯъбаи умури дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат ошно шудааст. Ҳамчунин, вазири умури дохилӣ аз номи ҳукумат ба кормандони захмӣ тӯҳфаҳои идона ва маблағҳои пулӣ эҳдо кардааст.

Дар ҳафтаи ҷорӣ, дар як ҷаласа вазири умури дохила аз кормандоне, ки дар амалиёти махсуси зидди гурӯҳи мусаллаҳи Абдуҳалим Назарзода "маҳорату малакаи баланди касбӣ" нишон доданд, қадрдонӣ кард. Ба ин афрод аз номи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон тӯҳфаҳои пулӣ ва бо фармони вазири умури дохила нишонҳои сарисинагӣ ва тӯҳфаҳо супурда шуда буд.

Амалиёти нирӯҳои ҳукуматии Тоҷикистон алайҳ афроди мусаллаҳ дар дараи Ромит рӯзи 4 сентябри соли ҷорӣ шурӯъ шуд. Субҳи он рӯз гурӯҳҳои мусаллаҳ ба ШКД шаҳри Ваҳдат ва посгоҳи полис дар шаҳри Душанбе ҳамла карда, 9 ходими ҳифзи ҳуқуқро куштанд. Мақомот масъулияти ин ҳамлаҳоро бар дӯши афроди марбут ба генерал ва муовини собиқи вазири дифоъ Абдуҳалим Назарзода вогузор карданд ва Назарзода ҳамон рӯзи 4 сентябр бо як қарори ҳукумат аз мақом барканор шуд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар зарфи 12 рӯзи амалиёти зидди гурӯҳи Ҳоҷӣ-Ҳалим аз ҷониби нирӯҳои ҳукуматӣ 14 нафар, аз ҷумла фармондеҳи гурӯҳи зиддитеррористии КДАМ Рустам Амакиев, ва аз тарафи муқобил 27 нафар кушта шуда, 139 тани дигар бо иттиҳоми ҳамдастӣ бо ин гурӯҳ дастгир шуданд. Вазорати корҳои дохила мегӯяд, алайҳи 100 нафар аз аъзои ин гурӯҳи мусаллаҳ парвандаҳои ҷиноӣ боз шудаанд.

XS
SM
MD
LG