Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми шартии Холиқдодов барои асноди қалбакии муҳоҷирон


Додгоҳи шаҳри Бердски вилояти Новосибирски Русия шаҳрванди Тоҷикистон Исроил Холиқдодов ва ду шаҳрванди Узбакистон Равшанбек Бозорбоев ва Абдулаҳат Абдунабиевро бо ҷурми ташкили шабакаи муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба ҳукми шартии зиндон маҳкум кард. Ин се нафар ба он айбдор мешаванд, ки аз моҳи январи соли 2014 то замони боздошташон дар моҳи августи соли гузашта барои беш аз 500 муҳоҷир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ санади қалбакии будубош дар Русия дуруст кардаанд. Аъзои ин шабака як сол пеш аз сӯи ФСБ – Хадамоти федеролии амнияти Русия - дастгир шуданд. Холиқдодов ҳамчун ташкилкунандаи ин шабака ба 3 сол ва Бозорбоеву Абдунабиев ба дувунимсолӣ маҳкум шуданд. Вале додгоҳ барои ҳар кадоми онҳо ду сол мӯҳлати шартӣ таъин кардааст. Холиқдодов ва Бозорбоев 52-сола ва Абдунабиев 38-сола мебошанд.

XS
SM
MD
LG