Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эрон бо "Давлати Исломӣ" мубориза карданист


Ҳасан Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳури Эрон мегӯяд, ки низомиёни кишвараш муносибтарин нируи низомӣ мебошанд, ки метавонанд “бар зидди терроризм дар минтақа”мубориза баранд.

Рӯҳонӣ гуфт, нируҳои Эрон мехоҳанд ҳам дар Сурия ва ҳам дар Ироқ бар зидди тундравҳои Давлати Исломӣ биҷанганд, вале таъкид кард, ки Теҳрон ҳеҷ муносибати низомӣ бо кишварҳои дигар надорад.

Ин суханони Рӯҳонӣ дар паради солона дар Теҳрон 22 сентябр мустақиман аз телевизиони давлатии Эрон пахш шуд. Вай гуфт, “агар террористҳо дар минтақа нуфуз пайдо кунанд, ягона умед артиши Эрон ва Горди Инқилоб мебошанд”.

Рӯҳонӣ гуфт, кишварҳои Ховари Миёна набояд он қадр ба “қудратҳои ғарбӣ чун ба мудофеони худ” такя кунанд. Эрон аз ҳоло ба Ироқу Сурия мушовирони низомии худро худро фиристодааст, то онҳо дар мубориза бар зидди тундравҳои Давлати Исломӣ кӯмак кунанд.

XS
SM
MD
LG